расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОКСЁРИ ТОҶИК МУҲАММАДХӮҶА ЯЪҚУБОВ ДОВТАЛАБИ УНВОНИ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН ШУД

Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

БОКСЁРИ ТОҶИК МУҲАММАДХӮҶА ЯЪҚУБОВ ДОВТАЛАБИ УНВОНИ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН ШУД

БОКСЁРИ ТОҶИК МУҲАММАДХӮҶА ЯЪҚУБОВ ДОВТАЛАБИ УНВОНИ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН ШУД 
Шаби 25 ба 26 ноябри соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико набарди байни боксёри 28-солаи тоҷики зодаи Исфара Муҳаммадхӯҷа Яъқубов ва муштзани 30-сола аз Куба Пабло Висенте барои дарёфти мақоми довталаби унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сабуктарини то 59 кило тибқи фарзияи WBC (Шӯрои ҷаҳонии бокс) баргузор шуд. Бо қарори якдилонаи доварон бо натиҷаи 96-94, 97-93 ва 98-92 Яъқубов ғолиби ин набард эълон ва расман довталаби унвони қаҳрамони ҷаҳон дар ин вазн шуд. Ин аввалин набард ва аввалин пирӯзии Яъқубов дар Амрико буд. Дар видеои аз Лас Вегас нашршуда дида мешавад, ки як гуруҳи мухлисони тоҷик  қаблан аз баромаданаш ба ринг (майдони бокс) Муҳаммадхӯҷа Яъқубовро бо шиори машҳури “Тоҷикистон, ба пеш!” рӯҳбаланд мекунанд.
Бо пирӯзӣ бар рақами яки рейтинги WBC,  Муҳаммадхӯҷа Яъқубов мақоми довталаби расмии унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни то 59 кило тибқи фарзияи ин созмони муштзаниро ба даст овард ва бояд акнун бо қаҳрамони феълии ҷаҳон муштзани амрикоӣ О’Шаки Фостер рақобат кунад.  Моҳи марти соли 2022  Яъқубов дар Дубай бо Фостер барои дарёфти мақоми довталаби унвони қаҳрамони ҷаҳон вориди рақобат шуда буд, вале он дафъа шикаст хӯрд ва Фостер тавонист баъдан унвони қаҳрамониро ҳам ба даст биорад. Он бохт ягона шикаст дар собиқаи варзишии Муҳаммадхӯҷа Яъқубов ба шумор меравад.
Умедворем, ки Муҳаммадхӯҷа Яъқубов ин бор ниқорашро аз ин рақиби амрикоӣ хоҳад гирифт ва Фостерро аз мақоми чемпиони ҷаҳон маҳрум сохта, ин унвонро ба ҷайби худ хоҳад андохт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.