расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Русия ба Тоҷикистон боз омӯзгор мефиристад. Ин хабар хашми вакили Думаи давлатии Русияро барангехт

Асосӣ / Сиёсат

Русия ба Тоҷикистон боз омӯзгор мефиристад. Ин хабар хашми вакили Думаи давлатии Русияро барангехт

Русия ният дорад ба Тоҷикистон боз  омӯзгори фанҳои забони русӣ, физика, биология ва химия фиристад ва толибилмонро бо китобҳои дарсии забони русӣ таъмин кунад. Дар ин бора Сергей Кравцов, вазир маорифи Русия дар барномаи “Москва. Кремл. Путин” дар шабакаи телевизионии “Русия 1”хабар додааст.
“Мо ҳоло дар заминаи ин мактабҳо (5 мактабе, ки ҳоло дар Тоҷикистон амал мекунад, - муаллиф) марказҳои методӣ таъсис дода, омӯзгор мефиристем, на танҳо аз фанҳои забони русӣ, ҳамчунин физика, биология ва химия. Мо ба мувофиқа расидем, ки дар базаи марказҳо ва донишгоҳҳои худ барои Тоҷикистон омӯзгор тайёр кунем”, - гуфтааст Кравсов дар мусоҳиба ба рӯзноманигор Павел Зарубин.
Ӯ аз панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон, ки ҳоло фаъолият дорад, ёдовар шуда, гуфтааст, барои  9 хонанда як ҷой рост меояд.
Валерий СелезнёвАкс аз телеграм-канали В.Селезнёв
Суханони вазири маорифи Русия ба вокунишҳои мухталиф рубарӯ шуд. Аз ҷумла, Валерий Селезнёв, як вакили думаи давлатии  Русия бо ишора ба ин ҳарфҳои Кравсов дар телеграмм-канали худ навишт, ки “аввал, эҳтиёҷоти дохилиро ба мутахассисон таъмин намоед ва  баъдан онҳоро ба дигар ҷой равона созед. Мо худ ба омӯзгорон эҳтиёҷ дорем”.
Бо иловаи 5 мактаби русӣ, ки соли 2021 боз шуд, ҳоло дар Тоҷикистон 26 мактаби русӣ фаъолият мекунад, ки беш аз 17 ҳазору 778 хонанда доранд. Ҳамчунин дар кишвар 141 мактаби дигаре мавҷуд аст, ки дар онҳо барои 177 ҳазору 638 хонанда дарсҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.