расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Имрӯз дастаи “Истиқлол” бо дастаи “Ад-Дуҳайл” бозӣ мекунад

Асосӣ / Варзиш

Имрӯз дастаи “Истиқлол” бо дастаи “Ад-Дуҳайл” бозӣ мекунад

Имрӯз, 27-уми ноябри соли 2023, дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо дастаи “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бозӣ мекунад.
Бо ин мақсад, ду рӯз пеш, 25-уми ноябр футболбозони дастаи “Истиқлол” ба Қатар парвоз карданд.
Бозии гурӯҳи “Е” миёни қаҳрамонҳои футболи Қатар ва Тоҷикистон шоми сешанбеи 27-уми ноябр дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи шаҳри Давҳа доир мегардад.
Бояд гуфт, бозии даври аввал миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ад-Дуҳайл”, ки 19-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуда буд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо касби 12 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис”-и Эрон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дувум мебошад.
“Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 2 имтиёз дар зинаи севум аст. “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бо касби як имтиёз дар ҷойгоҳи охирин – чаҳорум - қарор дорад.
Бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 рӯзи 5-уми декабр баргузор мешавад. Дар ин давр “Истиқлол”-и Душанбе бо пешсафи гурӯҳ дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки сардори он Криштиану Роналду, ситораи футболи ҷаҳон аст, дар майдони худ бозӣ мекунад.
“Персеполис”-и Эрон бошад, бо “Ад-Дуҳайл”-и Қатар дар Теҳрон бозб хоҳад кард.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.