расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 4 ПИЁДАГАРД ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ 17-19 НОЯБР

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 4 ПИЁДАГАРД ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ 17-19 НОЯБР

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 4 ПИЁДАГАРД ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ 17-19 НОЯБР
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои 17-19  ноябри соли 2023 дар 5 садама дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 6 нафар, аз ҷумла 4 пиёдагард ва як ронандаву як мусофир ба ҳалокат расидаанд.
Аз ҷумла 17-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес Бенс-Атего», Раҳмонов Абдураҳим Ҳамидович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” аз самти шаҳри Хуҷанд, ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар минтақаи ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов, пиёдагард Азизов Ризо Тухтаевич, соли таваллудаш 1949, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Азизов Р.Т. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
18-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 13:00, ронандаи мошини тамғаи «КАЗ-469», Зарифов Муродалӣ Нурович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи К.Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Ланглифи ноҳияи К.Мастчоҳ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз баландии 300 метр ба поён чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронанда Зарифов М. ва мусофири мошини мазкур Нусратов Боймурод Гулмирзоевич, соли таваллудаш 1970, сокини ҳамин ноҳия, аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.