расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН БАР ПОКИСТОН БО ҲИСОБИ БУЗУРГИ 6 БАР 1

Асосӣ / Ҷомеа

ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН БАР ПОКИСТОН БО ҲИСОБИ БУЗУРГИ 6 БАР 1

ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН БАР ПОКИСТОН БО ҲИСОБИ БУЗУРГИ 6 БАР 1 
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 нахустин пирӯзии худро ба даст овард. Ва он ҳам бо ҳисоби бузурги 6:1!
Яккачини Тоҷикистон дар бозии дуюми гурӯҳи «G» бар тими миллии Покистон ғолиб омад. Футболбозони тоҷик тақдири бозиро алакай дар қисми аввали рақобат ҳал карда, бо натиҷаи 4:1 ба танаффус рафтанд. Дар қисми дуюми бозӣ шогирдони Сегрт ба дарвозаи Покистон боз ду голи дигар зада, пирӯзии худро таҳким бахшиданд. Ду голи тими Тоҷикистонро Амадонӣ Камолов ба самар расонд. Рустам Соиров, Парвизҷон Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе ва Шаҳром Самиев дар ин бозӣ якголӣ заданд. Ягона голи тими Покистонро Рохис Набӣ ба дарвозаи Тоҷикистон ворид кард.
Дастаи Тоҷикистон бозии навбатии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар меҳмонӣ бо тими Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Ин дидор 21 марти соли оянда барпо мегардад.
Дар даври якум тими Тоҷикистон бозиашро бо тими Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.  Футболбозони тоҷик, ки дар анҷоми бозӣ ҳисобро кушода буданд, метавонистанд аз он рақобат ҳам ғолиб берун биоянд, вале дар дақиқаҳои иловагӣ ба тими Урдун муяссар шуд, ки бо як зарбаи нишонрас  ба дарвозаи Тоҷикистон пирӯзиро аз футболбозони тоҷик “бидузданд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.