расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИН ҶАНГ ҶАНГИ МО НЕСТ! ВИДЕОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БУНЁД ҶӮРАЕВ, КИ ДАР УКРАИНА АСИР АФТОДААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ИН ҶАНГ ҶАНГИ МО НЕСТ! ВИДЕОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БУНЁД ҶӮРАЕВ, КИ ДАР УКРАИНА АСИР АФТОДААСТ

ИН ҶАНГ ҶАНГИ МО НЕСТ! ВИДЕОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БУНЁД ҶӮРАЕВ, КИ ДАР УКРАИНА АСИР АФТОДААСТ 
Телеграм-канали “Украина сейчас” видеои ҷавони 20-солаи зодаи Тоҷикистон Бунёд Ҷӯраевро, ки ба дасти нирӯҳои Украина асир афтодааст, нашр кард.
Ҷӯраев Бунёд Мирхолиқович, санаи таваллудаш 3 сентябри соли 2003, зодаи деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон, дар ин видео нақл кард, ки чӣ гуна ба хидмат дар артиши Русия ҷалб шуд ва чӣ гуна ба Украина омаду инҷо асир афтод? Бунёд Ҷӯраев нақл кард, ки ӯро баъди хатми коллеҷи техникии шаҳри Владивосток дар минтақаи Шарқи дури Русия бо даъватнома ба хидмати ҳарбӣ бурданд. Ягон 4 моҳ хидмат карда буд, ки бо вай қарордод бастанд ва ба ҷанги Украина фиристода шуд. 
 Ӯ нақл мекунад, ки дар оғоз дар ҷабҳаи Донетск дар мавзеи Старомайорск онҳоро ба кандани хандақҳову блиндажҳо водор карда буданд, вале як рӯз ҳатто худашон бехабар онҳоро ба хатти пеши ҷабҳа партофтанд.
Дар поёни видео Бунёд Ҷӯраев ба ҳамватанони худ ба забони тоҷикӣ муроҷиат кард:
 “Салом алейкум, бародарони ман!  Ин ҷанг  ҷанги мо нест, бародарон. Ба шумо ба ин ҷанг омадан шарт нест. Инҷо шумо комилан мисли гӯштед, инҷо  гӯштрезакунак (мясорубка) аст. Ман мехоҳам, ки шумо дар ин ҷанг иштирок накунед. Ман хато кардам, ки ба ин ҷанг омадам. Ман мехоҳам, ки шумо ҳамин хатои маро такрор накунед ва ба ин ҷанг наоед!”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.