расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ДАР МАСКАВ БО ҚАРОВУЛИ ФАХРӢ ПЕШВОЗ ГИРИФТАНД

Асосӣ / Сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ДАР МАСКАВ БО ҚАРОВУЛИ ФАХРӢ ПЕШВОЗ ГИРИФТАНД

ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ДАР МАСКАВ БО ҚАРОВУЛИ ФАХРӢ ПЕШВОЗ ГИРИФТАНД
Субҳи 21 ноябри соли 2023 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии дурӯза вориди Маскав шуд. Ӯ дар Маскав бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекунад.
Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи “Внуково-2”, ки сирф барои қабулу гусели ҳайъатҳои расмӣ ва меҳмонони баландпоя пешбинӣ шудааст, муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин, ки вақтҳои охир умури марбут ба рушди равобити Маскаву Душанберо дар даст дорад, пешвоз гирифт.
Ба пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар майдони фурудгоҳ ротаи қаровули фахрии гарнизони Маскав ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста, баъди гузориши фармондеҳи қаровули фахрӣ сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд. Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти тантанавии қаровули фахрӣ ба поён расид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.