расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Футболбозони навраси тоҷик бар дастаи мунтахаби наврасони Русия ғолиб омаданд

Асосӣ / Варзиш

Футболбозони навраси тоҷик бар дастаи мунтахаби наврасони Русия ғолиб омаданд

20 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ва Русия оид ба футбол дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нимаи аввали бозӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ду гол ба нишон расонида, бо бартарии боваринок ба таннафус баромад. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ бозигарони дастаи мунтахаби наврасони Русия як голи ҷавобӣ заданд, вале ҳисоб дигар тағйир наёфт. Бозӣ бо пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки 17 ноябр нахустин бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Русия дар шаҳри Душанбе бо натиҷаи мусовии 2:2 анҷом ёфта буд.
Голҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозии ҷолиб Ориёнмеҳри Нуриддин ва Муҳаммадҷони Тоҳирӣ ба ҳадаф расониданд. Аз ҳайати меҳмонон голҳоро Артём Пономарчук ва Артём Кузменко ба нишон расониданд.

АМИТ «Ховар»

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.