расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо дастаи Покистон бозӣ менамояд

Асосӣ / Варзиш

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо дастаи Покистон бозӣ менамояд

Имрӯз, 21 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозии дуюми худро дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
 Рақиби дастаи мо дастаи мунтахаби Покистон мебошад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Ҷинна»-и Исломобод баргузор шуда, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии якуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Урдун бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ бозӣ намуд.


АМИТ «Ховар»

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.