расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РУСИЯ ЯК КАБКУ 31 КАБӮТАРРО БА ТОҶИКИСТОН ДЕПОРТАТСИЯ КАРДААСТ (2 АКС)

Асосӣ / Муҳоҷир

РУСИЯ ЯК КАБКУ 31 КАБӮТАРРО БА ТОҶИКИСТОН ДЕПОРТАТСИЯ КАРДААСТ (2 АКС)

РУСИЯ ЯК КАБКУ 31 КАБӮТАРРО БА ТОҶИКИСТОН ДЕПОРТАТСИЯ КАРДААСТ (2 АКС)
Идораи Росселхознадзори вилоятҳои Томску Новосибирски Русия рӯзи 16 ноябри соли 2023 хабар дод, ки як кабк ва 31 кабӯтареро, ки аз Тоҷикистон оварда буданд, аз Русия “депортатсия” кардаанд. Бино ба иттилои ин идора, дар рӯзҳои ахири истироҳат дар фурудгоҳи Толмачёвои шаҳри Новосибирск  як мусофир аз Тоҷикистон  дар дохили қафас 31 кабӯтарро бо худ оварда, мехост ба Русия ворид кунад. Ҳамин тавр, як мусофири дигар аз Тоҷикистон бо худ дар даруни сабати чӯбин як сар кабк доштааст.
Росселхознадзор дар иттилоияаш гуфт:  “Бар асоси талаботи қонунгузории байторӣ, бо мақсад роҳ надодан ба эҳтимоли ворид ва паҳн кардани бемориҳои хатарнок ба  ворид кардани ин парандагон , ба қаламрави Русия  иҷозат дода нашуд. Рӯзи 15 ноябри соли 2013 ин парандагонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон депортатсия карданд”. Росселхознадзор дар ҳақиқат дар иттилоияи расмиаш аз вожаи “депортатсия” истифода бурдааст.
Аммо дар бораи соҳибони ин кабку кабӯтарон дар иттилоияи ин идора чизе гуфта нашудааст, ки оё онҳо аз баҳри ин ҷонварон гузашта, дар Русия монданд ваё аз паси кабку кабӯтаронашон ин ду нафар низ ба Тоҷикистон баргаштанд?

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.