расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ: ПАРВАНДАҲОИ ТАҶОВУЗУ БАДАХЛОҚӢ БА ЗИДДИ МУҲОҶИРОНРО КӢ МЕБОФАД?

Асосӣ / Муҳоҷир

ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ: ПАРВАНДАҲОИ ТАҶОВУЗУ БАДАХЛОҚӢ БА ЗИДДИ МУҲОҶИРОНРО КӢ МЕБОФАД?

ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ: ПАРВАНДАҲОИ ТАҶОВУЗУ БАДАХЛОҚӢ БА ЗИДДИ МУҲОҶИРОНРО КӢ МЕБОФАД?
Аз Русия қариб ҳар рӯз дар бораи боздошти муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, бо иттиҳоми сангини бадахлоқиҳои ҷинсӣ ё таҷовуз ба номус хабарҳо ба даст мерасанд. Сархатти хабарҳои расонаҳои Русия моломоли сарлавҳаҳои бадвоҳимае, ба мисили “Муҳоҷири кампири 76-соларо таҷовуз кардааст”, “Муҳоҷир ба номуси духтарандари 12-сола аз зани русаш расидааст” мебошанд. Ё ин сарлавҳаи ҳамин чанд рӯзи охир: “Муҳоҷир дар дохили ҳавопаймои Сургут Петербург нисбат ба як духтарчаи 9-сола бадахлоқӣ кардааст”. Дар дохили ҳавопаймо, ки ҷое барои ягон кори пинҳон кардан нест, ҳама кори кас дида мешавад! Ва ҳар дафъа баробари дар матбуот пайдо шудани чунин сарлавҳаҳои бадвоҳима сардори Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрики, ки бо бадбинии қариб девонавор, яъне маниакалиаш нисбат ба муҳоҷирон ном баровардааст, тафтиши чунин парвандаҳоро зери назорати худ мегирад.
Дар мавриди хабари гӯё ба як духтари 15-сола дар Сургут қасди дастдарозӣ кардани як ронандаи такси аз Тоҷикистон низ чунин шуд. Рӯзи 7 ноябри соли 2023 як канали миллатгароён дар шабакаи  Телеграм бо номи “Русская Община ZOV”  иддао кард, ки таксирони тоҷик нисбат ба духтари рус чунин бадрафторӣ кардааст ва  Бастрикин билофосила “мана ман!” гуфта, ин парвандаро ҳам зери назорати худ гирифт.
Вале алакай як рӯз баъди ин ҳама ғавғо пиромуни “ба номуси духтари рус расидани таксисти муҳоҷир”, нашрияи чопи Нижневартовск “Город3466” бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи Югра хабар дод, ки асли гап комилан дигар будааст. “Духтар аз ронандаи такси синни ҳақиқии худро пиншон дошта, дурӯғ гуфтааст, ки падараш мурдааст ва аҳволаш хеле бад аст. Ӯ ин дурӯғҳоро барои он гуфтааст, ки пули роҳро надиҳад”, — нақл кардааст манбаи ин нашрия. Ин манбаъ афзудааст, ки ронандаи тоҷик духтарро падарона ба оғӯш гирифтааст, то ки оромаш кунад, ягон қасду нияти бад надоштаст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.