расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки марде мегуфт, як нафар пас аз 18 соли беморӣ бо адо кардани Ҳаҷҷи умра пойҳояш “ба кор даромадаанд ва маҳз зиёрати хонаи Худо сабаб шуд, ки ӯ шифо ёфт”. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки ҷузъиёти ин ҳод

Асосӣ / Дин

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки марде мегуфт, як нафар пас аз 18 соли беморӣ бо адо кардани Ҳаҷҷи умра пойҳояш “ба кор даромадаанд ва маҳз зиёрати хонаи Худо сабаб шуд, ки ӯ шифо ёфт”. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки ҷузъиёти ин ҳод

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки марде мегуфт, як нафар пас аз 18 соли беморӣ бо адо кардани Ҳаҷҷи умра пойҳояш “ба кор даромадаанд ва маҳз зиёрати хонаи Худо сабаб шуд, ки ӯ шифо ёфт”. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки ҷузъиёти ин ҳодисаро равшан созад.

Дар навор дида мешуд, ки марде бо зонуҳояш ба ҳавопаймо мебарояд ва ҳамон тавр аз ҳавопаймо мефарояд. Эҳтимол ин лаҳзаи ба ҳавопаймо савор шудану берун шудан ва ҳамин тавр ба Ҳаҷ рафтани ӯ аст. Дар лаҳзаи дигари навор ӯ дар масҷиди Набавӣ, дар шаҳри Мадина қарор дорад ва гуфта мешавад, ки ӯ пас аз 18 соли беморӣ бо шарофати тавофи хонаи Худо шифо ёфтааст ва акнун сари по меистаду ҷастухез мекунаду роҳ меравад.

Нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимои вокунишҳои гуногунро ба миён овард.

Маълум шуд, ки ин мард Каримхӯҷа Темурови 70-сола, сокини деҳаи Максим Горкийи ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будааст.
Як манбаъ аз ҷамоати деҳоти Яккатут ба “Азия-Плюс” гуфт, Каримхӯҷа Темуров оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст ва баъд аз 50-солагӣ ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст.

“Темуров дар қайди беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳия аст. Ӯ рӯзона бо зонуҳои худ ва шабона бо пойҳояш роҳ меравад. Ба гуфтаи худаш, ӯ парӣ дорад ва ҳамон париҳо намегузоранд, ки рӯзона бо пойҳояш роҳ равад. Дар асл ӯ худаш ин корро мекард”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи манбаъ, Темуров рӯзҳои 10-24-уми октябр ба Ҳаҷҷи умра рафтааст ва аз рӯи бемории доштааш, рӯзона бо зону ва шабона бо пой роҳ рафтааст. Ин барои ҳамроҳоне, ки бемории вайро намедонистаанд, боиси таваҷҷӯҳ шудаасту онро навор барошта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

Ҳоло дар хонааш қарор дорад ва ҳамон бемории доштааш боқӣ мондааст.

Манбаъи мо гуфт, баъди нашри навор кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия ва шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳия бо Каримхӯҷа Темуров ҳамсӯҳбат шудаанд.

Абдухолиқ Мӯсозода, ҷонишини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва навбатдории ШВКД-и ноҳия дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки “бо номбурда ҳамсӯҳбат шуда, кирдори хатои кардаашро фаҳмонидаанд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.