расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚАДАМИ ҚУРБОН РОҲИ МАШҲУРИ 18-ПОВОРОТАИ ЧАГАМ – КӮЛОБРО АСФАЛТПӮШ МЕКУНАД

Асосӣ / Иқтисодиёт

ҚАДАМИ ҚУРБОН РОҲИ МАШҲУРИ 18-ПОВОРОТАИ ЧАГАМ – КӮЛОБРО АСФАЛТПӮШ МЕКУНАД

ҚАДАМИ ҚУРБОН РОҲИ МАШҲУРИ 18-ПОВОРОТАИ ЧАГАМ – КӮЛОБРО АСФАЛТПӮШ МЕКУНАД
Овозхон ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон ба ободу мумфарш (асфалтпӯш) кардани роҳи 18 - километраи Чагам – Кӯлоб оғоз кард. Роҳи зодгоҳи Қадами Қурбон бо шарофати ҳунарнамоиҳои  ӯ ҳамчун “роҳи ҳаждаҳпаварота” машҳур шудааст. Дар бораи ба чунин кори хайр иқдом кардани Қадами Қурбон дар Фейсбук шоири шинохтаи тоҷик Хайриддин Хайрандеш хабар дод. 
“Қадами Қурбон ба ободу асфалтпӯш кардани роҳи 18 - километраи Чагам - Кӯлоб ( роҳи машҳури ҳаждаҳпаварота ) оғоз кард. Ин орзуи деринтизори аҳолии зиёда аз 5ООО - нафараи деҳаҳои Чагами Боло, Чагами Миёна Чагами Поён, Чагами Хирман, Раҳмонобод, Тошбулоқ, Симчакон, Деҳдарозак, Назарбоӣ, Бодомту ва Тӯғмагӣ мебошад”, - навиштааст Хайрандеш ва дар поёни хабар ин ду мисраъро дар ситоиши Қадами Қурбон низ илова кардааст:
Раҳмат ба ҳазор пушти аҷдоди Қадам,
Асфалт шавад зи ҳимматаш роҳи Чагам.
Садҳо нафар дар зери ин хабар ба ин ташаббуси наҷиб ва амри хайре, ки Қадами Қурбон рӯи даст гирифтааст, офарин хондаанд. Яке аз корбарон навиштааст, ки ин роҳ бори охир солҳои 1991-1992 аз ҷониби сардори онвақтаи ДЭУ, Идораи истифодаи роҳҳои Кӯлоб Саидов бо асфалти сард мумфарш карда шуда буд ва баъди он, инак беш аз 30 сари сол боз тармим нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.