расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК ТОҶИК, КИ ҚАРИБ ЯК МОҲ БОЗ ДАР ФУРУГОҲИ МАЛАЙЗИЯ ДАРМОНДААСТ, КУМАК МЕХОҲАД

Асосӣ / Муҳоҷир

ЯК ТОҶИК, КИ ҚАРИБ ЯК МОҲ БОЗ ДАР ФУРУГОҲИ МАЛАЙЗИЯ ДАРМОНДААСТ, КУМАК МЕХОҲАД

ЯК ТОҶИК, КИ ҚАРИБ ЯК МОҲ БОЗ ДАР ФУРУГОҲИ МАЛАЙЗИЯ ДАРМОНДААСТ, КУМАК МЕХОҲАД 
Идрис Шарипов, як ҷавон аз Ҳисори Тоҷикистон, ки аз 17 октябри соли 2023, инак қариб як моҳ боз дар минтақаи нейтралии фурудгоҳи шаҳри Куала Лумпур, пойтахти Малайзия дармондааст ва на дохили он кишвар даромада метавонаду на иҷозати аз Малайзия рафтанашро намедиҳанд, рӯзи 13 ноябри соли 2023 ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” муроҷиат карда, аз ҳамватанони дастбахайр барои раҳоӣ аз ҳоли мушкил кумак хост. Идрис мегӯяд, рӯзи 1 октябри соли 2023 бо нияти кор ба Малайзия омад, вале азбаски визааш визаи корӣ набуд, кор ёфта натавонист, дар ягон ҷо бе визаи корӣ қабулаш накарданд. Идрис рӯзи 17 октябр хост, ки аз Малайзия берун шавад, вале дар фурудгоҳи пойтахти ин кишвар ӯро бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират  ҷарима бастанд. Азбаски Идрис Шарипов барои пардохти ҷарима пул надошт, ба вай иҷозат надодаанд, ки Малайзияро тарк кунад. Ба ӯ гуфтаанд, ки танҳо дар сурати додани пули ҷарима метавонад сафар кунад.
Идрис гуфт, як тоҷики савобҷӯ барояш барои рӯзи 14 ноябр аз Куала Лумпур то Манила, пойтахти Филипин чиптаи парвоз харидааст, вале ӯ ҳоло боз ҳам сари пардохти пули ҷарима дармондааст, чунки бидуни пардохти он ба вай боз ҳам иҷозати тарки Малайзияро намедиҳанд. Ӯ мегӯяд, дар як меҳмонхона дар ҷазираҳои Малдив ҷои кор пайдо кардааст, вале мушкил ин аст, ки ҳеҷ наметавонад худро то ба онҷо бирасонад.
Онҳое, ки мехоҳанд ба Идрис Шарипов барои раҳоӣ аз ин мушкил кумак расонанд, метавонанд ба ин корт кумаки худро гузаронанд:
4400 4302 7731 5484 Каспий Голд Казахстан Idris Sharipov

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.