расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК МАРДИ МУСУЛМОН ПЕШИ РОҲИ ҲАМЛАИ МАРДИ МУСАЛЛАҲ БА ЯК МАСҶИД ДАР КАНОРИ МАСКАВРО ГИРИФТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ЯК МАРДИ МУСУЛМОН ПЕШИ РОҲИ ҲАМЛАИ МАРДИ МУСАЛЛАҲ БА ЯК МАСҶИД ДАР КАНОРИ МАСКАВРО ГИРИФТ

ЯК МАРДИ МУСУЛМОН  ПЕШИ РОҲИ ҲАМЛАИ МАРДИ МУСАЛЛАҲ БА ЯК МАСҶИД  ДАР КАНОРИ МАСКАВРО ГИРИФТ 
Рӯзи 10 ноябри соли 2023 ҳангоми адои намози ҷумъа дар масҷиди шаҳраки Дзержинский дар канораҳои ҷанубушарқии шаҳри Маскав як мард бо граната (норинҷак) вориди масҷид шуда, таҳдид ба таркондани он кардааст.  Бино ба нақли намозгузорон, “як мард ба масҷиди Дзержинский омада, дар бораи дини Ислом носазо гуфт, мусулмононро душман номид ва фарёд мезад, ки ҳамаи моро мекушад”.
Дар сабти видеокамераи назоратӣ дида мешавад, ки дар пайи ин таҳдидҳо намозро манъ карданд ва як ҷавонмард бо риши кӯтоҳ ба назди марди мусаллаҳ омада, аз дасте, ки дар он граната дошт, гирифта, ӯро бо худ ба ҳавлӣ баровард ва дар онҷо  мутақоидаш сохт, ки гранатаи дасташро бидиҳад ва таслим шавад. Марди мусаллаҳро сипас кормандони пулис, ки ба ҷои ҳодиса даъват шуда буданд, дастгир карданд.
Баъдан маълум шуд, ки хушбахтона, гранатаи бо худ овардаи ин мард муляж будааст, на силоҳи воқеӣ.
Бино ба иттилои Telegram-канали “112”,сокини 45-солаи Дзержинский қабл аз ҳамла дар як барбер-шоп (сартарошхона) дар Дзержинский мӯи сарашро паст карда, дар ҳамон ҷо машруботи зиёд нӯшидааст ва сипас як муляжи гранатаро дуздида, ба масҷид рафтааст. Бисёриҳо рафтори ҷавонмардеро, ки пеши роҳи марди мусаллаҳро гирифт, қаҳрамонӣ ва шоистаи қадрдонӣ мешуморанд.  “Чунки вақте ки ӯ бесилоҳ дар муқобили он марди мусаллаҳ истод, ҳанӯз намедонист, ки слоҳи дасти ӯ силоҳи ҳақиқӣ нест. Ӯ қаҳрамонӣ кард!” – менависанд корбарон.
Номи ин қаҳрамонро нашр накардаанд, вале бисёриҳо менависанд, ки ӯ тоҷик аст. Дар сабти видеоӣ дар ҳақиқат дида мешавад, ки мардуми ҷамъшуда дар атрофи ӯ ва он марди мусаллаҳ бо тоҷикӣ ҳарф мезананд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.