расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ПОЙТАХТ ЯК МАРД ҲАМСАРАШРО ЧАНД МАРОТИБА БО ҚАЙЧӢ ЗАДА, ЗАХМӢ КАРДААСТ

Асосӣ / Ҳаводис

ДАР ПОЙТАХТ ЯК МАРД ҲАМСАРАШРО ЧАНД МАРОТИБА БО ҚАЙЧӢ ЗАДА, ЗАХМӢ КАРДААСТ

ДАР ПОЙТАХТ ЯК МАРД ҲАМСАРАШРО ЧАНД МАРОТИБА БО ҚАЙЧӢ ЗАДА, ЗАХМӢ КАРДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ду ҳолати авбошӣ дар пойтахт хабар дод. Дар як ҳолат дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ шавҳар ба бадани ҳамсараш бо қайчӣ чанд зарба задааст.  
Худи ин зану шавҳар барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба иттилои ВКД, ба ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки субҳи 9-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 09:10, дар назди хонааш шавҳари 38-солааш аз ҳиссиёти авбошӣ бо қайчӣ якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳамчунин ба ҳамин ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавӣ бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки нимаи дуюми рӯзи 8-уми ноябр, тахминан соати 16:25, дар дохили маркази бозиҳои компютерӣ ҷавони 19-солаи сокини пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ муноқиша намуда, бо корд 1 маротиба ба пойи чапаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад. Ба ин ду дастгиршуда вобаста ба дараҷаи осеби ба саломатии ҷабрдидаҳо расондаашон ҳамчун ҷазо аз ҷарима то чанд сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.