расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОРИ АВВАЛ: ИХРОҶИ ЯК ОИЛАИ МУҲОҶИРОН АЗ НОВОСИБИРК БАРОИ ... БЕАДАБИИ ФАРЗАНДОН

Асосӣ / Муҳоҷир

БОРИ АВВАЛ: ИХРОҶИ ЯК ОИЛАИ МУҲОҶИРОН АЗ НОВОСИБИРК БАРОИ ... БЕАДАБИИ ФАРЗАНДОН

Як оилаи ҷӯгиҳо (лӯлиҳо) аз шаҳри Новосибирски Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуд. Ин нахустин мавриди аз ин минтақаи Русия ихроҷ шудани як оилаи муҳоҷирон ба сабаби беадабии фарзандон буд. Аз беадабии писари 12-сола ва духтари 7-солаи ин хонавода дар бозори Хилокский ба мақомот як муаллимаи маҳаллӣ шикоят карда буд.
Зани 32-солаи Тоҷикистонро ахиран ба шуъбаи муҳоҷирати пулиси ноҳияи Ленини шаҳри Новосибирск даъват карда, нусхаи қарори ихроҷи ӯву фарзандонашро ба дасташ супурданд.
Вера Черкасова, мудири бахши муҳоҷирати шуъбаи пулиси №7 ноҳияи Ленин шахсан ин занро аз қабул шудани чунин як тасмим хабардор кард: “Муҳлати бубудбоши шумо дар қаламрами Федератсияи Русия коҳиш дода шуд. Шумо бояд дар байни се рӯз тарки Русия кунед”.
Мария, муаллимае, ки аз мақомот андешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба ин оиларо тақозо карда буд, дар шарҳи ин муроҷиаташ ба “Вести Новосибирск” гуфт: “Дар назди растаи дӯконҳои сихкабобпазӣ  дар кӯчаи Хилокская ду кӯдаки бепарастор, ки ба назар мерасид, аз қавми лӯлӣ буданд, талбандагӣ мекарданд. Онҳо ба тарафи ман санг партофта, маро масхара карданд, ба рӯям хандиданд ва дар умум хеле пархошҷӯёна рафтор карданд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.