расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶАВОНИ ТОҶИК АЛӢ АСРОР ДАР СУРГУТ СЕ ГУРБАЧАРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОДА, САДҲО “ОФАРИН!” ШУНИД

Асосӣ / Муҳоҷир

ҶАВОНИ ТОҶИК АЛӢ АСРОР ДАР СУРГУТ СЕ ГУРБАЧАРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОДА, САДҲО “ОФАРИН!” ШУНИД

Алӣ ном ҷавони зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Сургут дар шимоли Русия се гурбачаеро, ки ба чоҳи канализатсия партофта буданд, аз марги ногузир наҷот додааст. Алӣ ин се гурбачаро аз чоҳ бароварда, ба хонааш бурда,  баданашонро гарм кард ва ғизояшон дод. Азбаски тавони нигоҳ доштани ин ҷонварҳои маъсумро надошт, ҳарсе гурбачаро ба дасти касоне дод, ки корашон нигоҳубини ҷонварҳои бесоҳиб аст.
Қиссаи ин ҷавони тоҷикро рӯзи 11 ноябри соли 2023 нашрияи маҳаллии К-Информ/Сургут нашр кард. Алӣ нақл кардааст, ки шом аз кор ба хона бармегашт ва дар наздикии УБР (Управление буровых работ №1, идораи корҳои чоҳбурии №1) ба гӯшаш аз дохили чоҳи канализатсия садои монанд ба нола омад. Алӣ болопӯши чоҳро кушод ва дар даруни чоҳ сумкаеро бо се гурбача дид, ки кадом сангдиле ба даруни чоҳ партофтааст. Ҷавони тоҷик ба дохили чоҳ фаромада, гурбачаҳоро боло овард ва ба хона бурда, сару танашонро шусту ғизояшон дод.
Ин ҷавони тоҷик дар асл Алӣ Асрор ном дошта, аз шаҳраки Хонободи Исфара аст ва дар Сургут ба ҳайси устои сантехник кор мекунад. Падару модари Алӣ Асрор дар Исфара ба сар мебаранд ва барои онҳо ҳатман хондани сели вокунишҳои гарм ва саросар мусбати сокинони Сургут ва дигар минтақаҳои Русия дар бораи амали савоби фарзандашон ҳатман хушу мақбул хоҳад омад.
“Сипос ба волидонаш барои дили ин қадар неки фарзандашон!”, — навиштааст Светлана Светланова. “Ана як хабари хеле хуб дар бораи муҳоҷирон!!! Респект!!! Обод бошӣ!!!” - навиштааст Екатерина Сотникова.
 Наталя Чекунова низ навиштааст: “Чӣ қадар ҷавони олӣ! Пеши волидонаш барои тарбияи чунин фарзанд сари таъзим фуруд меорам”.  
То ин лаҳза дар зери ин хабари наҷоти гурбачаҳо аз сӯи ҷавони тоҷик алакай қариб 150 чунин вокуниши гарм ва қариб ду ҳазор лайк ҷамъ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.