расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШАШ КУШТА БАР АСАРИ СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАЙНИ СЕ СОАТ

Асосӣ / Ҷомеа

ШАШ КУШТА БАР АСАРИ СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАЙНИ СЕ СОАТ

ШАШ КУШТА БАР АСАРИ СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАЙНИ СЕ СОАТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 8 ноябри соли 2023 дар байни ҳамагӣ се соат бар асари се садамаи марговар дар ҳудуди вилояти Суғд 6 нафар ба ҳалокат расида, дастикам 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Аз ҷумла шоми 8-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 17:50, ронандаи мошини тамғаи «Дулан», Ризвонов Алимардон Аҳтамович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Муъминобод ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Ҳонда-Серви», таҳти идораи ронанда, Ҳаётов Фирдавс Нарзулллоевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.  Дар натиҷа, ронандаи «Ҳонда-Серви», Ҳаётов Ф.Н. ва мусофиронаш Саидҳалимова Давлатбӣ Ҷангиевна ва Сайфиддинова Миҷгона Саидовна, солҳои таваллудашон 1983, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари мошини мазкур Сафаров Неъматулло, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ва Амирҷони Раҷабалӣ, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.