расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕЛЯБИНСК БАРОИ КУШТОРИ 21 СОЛИ ПЕШ

Асосӣ / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕЛЯБИНСК БАРОИ КУШТОРИ 21 СОЛИ ПЕШ

БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕЛЯБИНСК БАРОИ КУШТОРИ 21 СОЛИ ПЕШ 
Як марди 42-солаи зодаи Тоҷикистон баъди 21 сол дар вилояти  Челябински Русия бо иттиҳоми куштори як сокини маҳаллӣ дар соли 2002 ба ҳабс гирифта шудааст. Раёсати тафтишоти вилояти Челябинск хабар дод, ки дар куштори 21 соли пеш даст додани шаҳрванди қаблан ҳам зиндонишудаи Тоҷикистон аз ҷумла бо кумаки ташхисҳои генетикӣ ошкор карда шудааст.
Бино ба маводи парванда, санаи 10 феврали соли 2002 дар соатҳои рӯзона шаҳрванди Тоҷиктстон бо мақсади ба даст овардани пулу мол ба як сокини Челябинск ҳамла оварда, ӯро аввал бо зарфи шишагӣ ба сараш зада, аз пой афтондааст ва сипас ба гарданаш чанд зарбаи корд задааст. Ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.
Дар ҷараёни тафтиши ин парванда ва санҷидани гумонбаршавандагони эҳтимолӣ ба тафтишот муяссар шудааст, ки генотипи як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1981-ро ба даст биоранд.  “Ҷиноят баъди 21 сол ошкор гардида, нафаре, ки ин ҷиноятро содир кард, ба даст афтод. Ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми одамкушӣ айб эълон карда шуда, додгоҳ бо дархости муфаттиш ӯро ба ҳабс гирифт. Ҳоло анҷоми ҳаракатҳои тафтишотӣ бо мақсади ҷамъоварӣ ва таҳкими далелҳои исботкунанда идома доранд”, - хабар додааст раёсати тафтишоти вилояти Челябинск.
Худи шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон ваё наздикон ё адвокати ӯ барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Ба ӯ ҳамчун ҷазо аз 8 то 20 соли зиндон ё ҳукми зиндони умрбод таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.