расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУСОДИРАИ 38 ҶОЙНАМОЗ, 49 РӮЙМОЛ ВА 100 ТАСБЕҲ АЗ ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ЧЕЛЯБИНСК

Асосӣ / Муҳоҷир

МУСОДИРАИ 38 ҶОЙНАМОЗ, 49 РӮЙМОЛ ВА 100 ТАСБЕҲ АЗ ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ЧЕЛЯБИНСК

МУСОДИРАИ 38 ҶОЙНАМОЗ, 49 РӮЙМОЛ ВА 100 ТАСБЕҲ АЗ ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ЧЕЛЯБИНСК 
Дар фурудгоҳи шаҳри Челябински Русия кормандони боҷхона (гумрук) як зани мусофир аз Тоҷикистонро, ки бо худ ду сумкаи пур аз бор дошт, манъ кардаанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти боҷхонаи Челябинск, як зани мусофири 29-сола, ки аз Тоҷикистон ба Челябинско омада буд, талош кардааст, ки бо ду сумкаи пур аз бор тавассути “роҳрави сабз” гузарад. Кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Челябинск ин мусофирро манъ карда, бағочи ӯро, ки вазнини умумиаш 37 килоро ташкил дод, тафтиш кардаанд. Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки ин ҷавонзан бо худ 38 ҷойнамоз, 49 рӯймол ва 100 тасбеҳ доштааст. Ӯ пойфишорӣ кардааст, ки ин ҳамаро ҳамчун туҳфа барои дӯстонаш мебарад. Аммо кормандони боҷхона ба ин тавзеҳи ӯ бовар накардаанд ва хулоса додаанд, ки молҳои гирифташуда аз ин зани тоҷикистонӣ молҳои тиҷоратӣ аст ва ӯ мебоист қабл аз ворид кардани онҳо ба қаламрави Русия молҳояшро тавассути эъломияи гумрукӣ нишон медод. Нисбат ба ин зан бо иттиҳоми кӯшиши қочоқи молҳо ба қаламрави Русия протоколи маъмурӣ тартиб додаанд. Ба ӯ барои ин кор ҷарима таҳдид мекунад. Албатта, ҷойнамозу рӯймолу тасбеҳҳои аз ӯ гирифташударо низ метавонанд мусодира кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.