расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СЕ КУШТА ВА ЯК ЗАХМӢ БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО МОШИНИ БОРКАШ ДАР ХУРОСОН

Асосӣ / Ҷомеа

СЕ КУШТА ВА ЯК ЗАХМӢ БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО МОШИНИ БОРКАШ ДАР ХУРОСОН

СЕ КУШТА ВА ЯК ЗАХМӢ БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО МОШИНИ БОРКАШ ДАР ХУРОСОН
Шоми 1 ноябри соли 2023 дар як садамаи пурқурбонӣ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон дар натиҷа ба қисмати қафои мошини боркаши тамғаи “Мерседес” бархӯрдани мошини мусофиркаши тамғаи “Опел-Астра” се мусофири “Опел”, аз ҷумла як зани 58-сола, як ҷавони 21-сола ва як кӯдаки 9-сола ба ҳалокат расида, ронандаи “Опел” ҷароҳат бардоштааст.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2023 дар шарҳи ин ҳодиса хабар дод, ки шоми 1-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 19:40, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Тоиров Раҷабалӣ Абдукаримович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои мошини боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Бегов Умед Малатбекович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҷайҳун, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили мошини “Опел-Астра”, Зокирова Хатича Сулаймоновна, соли таваллудаш 1965, Ҳасанов Муҳаммад Қодирович, соли таваллудаш 2002, сокинони ноҳияи Вахш ва ноболиғ Ғуломов Билол Акмалович, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи “Опел” Тоиров Р.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.