расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАРОИ МИЛЛИОНҲОИ ГУЛНОРА МЕРАФТ? ҲАБСИ ДОМОДИ ТОҶИКИ ИСЛОМ КАРИМОВ ДАР ҲОНГКОНГ

Асосӣ / Ҷаҳон

БАРОИ МИЛЛИОНҲОИ ГУЛНОРА МЕРАФТ? ҲАБСИ ДОМОДИ ТОҶИКИ ИСЛОМ КАРИМОВ ДАР ҲОНГКОНГ

БАРОИ МИЛЛИОНҲОИ ГУЛНОРА МЕРАФТ? ҲАБСИ ДОМОДИ ТОҶИКИ ИСЛОМ КАРИМОВ ДАР ҲОНГКОНГ

Радиои Озодлик бо такя ба 4 манбаи алоҳида хабар дод, ки Рустам Мадумаров, овозхони тоҷиктабори дар гузашта маъруф ва собиқ шавҳари Гулнора Каримова,  духтари калонии президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов дигабора ҳабс шудааст, вале инбор дар Ҳонгконг, дар фсоилаи 5 ҳазор километр дурӣ аз Ӯзбекистон.
Рустам Мадумаров, ки ҳамроҳи бародараш Алишер дар поёни солҳои 90 гуруҳи “Дадо”-ро ташкил дод, аз овозхонҳои маъруфи ибтидои солҳои 2000-ум дар Ӯзбекистону минтақа ба шумор мерафт. Он вақтҳо бахусус таронаи тоҷикии “Ман”, ё “Дадо, надо” дар иҷрои Рустам ва Алишер Мадумаровҳо бисёр шуҳрат пайдо карда буд. Аммо баъди чанде Рустам Мадумаров шарики тиҷоратӣ ва ҳамсари Гулнора Каримова шуда, саҳнаро партофт. Соли 2014, дар пайи ҳабси Гулнора Каримова бо иттиҳоми даст доштан ба коррупсия, даҳҳо тан аз шарикони ӯ, аз ҷумла Рустам Мадумаров низ  ба ҳабс кашонда шуда, “барои солҳои тӯлонӣ” маҳкум ба зиндон шуданд. Мақомот чанд сол маҳкум шудани Мадумаровро эълон накарданд, вале бино ба иттилои манобеи Озодлик, ӯ дар аввали соли 2023 ба озодӣ баромад, аммо натавонист шаҳди озодиро ба серӣ бичашад. Ба гуфтаи манобеи огоҳ аз қазия, ӯро рӯзи 1 октябри соли 2023 дар фурудгоҳи Ҳонгконг дастгир карданд. Ӯ ба Ҳонгконг на бо ихтиёри худ, балки бо амри роҳбарони баландпояи Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон (СГБ) рафта будааст, то ки пулҳои мавҷуда дар ҳисобҳои бонкии Гулнора Каримоваро ба дигар ҳисобҳое, ки ба фармуда буданд, интиқол диҳад.
Манбаи Озодлик гуфт: “Мадумаровро ду афсари амният ҳамроҳӣ мекарданд. Вақте Рустамро дастгир карданд, он ду афсари СГБ чунин вонамуд карданд, ки гӯё ӯро намешиносанд. Мадумаров ба шустушӯи пул дар Ҳонгконг муттаҳам мешавад. Талошҳое шуд, то ӯро бо пардохти гаравпулӣ озод кунанд, вале ҷониби Ҳонгконг розӣ нашуд. Мадумаров инак беш аз як моҳ боз дар Ҳонгконг дар боздошт қарор дорад”.
Ба Мадумаров барои шустушӯи пулҳои ғайриқонунӣ тибқи қавонини Ҳонгконг то 14 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.