расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶЕВОНИ МЕҲРУБОНӢ ДАР ИСФАРА: НИЁЗ ДОШТА БОШӢ - БИГИР, ТАВОНО БОШӢ - ГУЗОР!

Асосӣ / Ҷомеа

ҶЕВОНИ МЕҲРУБОНӢ ДАР ИСФАРА: НИЁЗ ДОШТА БОШӢ - БИГИР, ТАВОНО БОШӢ - ГУЗОР!

ҶЕВОНИ МЕҲРУБОНӢ ДАР ИСФАРА: НИЁЗ ДОШТА БОШӢ - БИГИР, ТАВОНО БОШӢ - ГУЗОР! 
Ҳабибаллоҳ Исмоилов, журналисти муқими шаҳри Исфара хабар дод, ки аз ҷониби созмони хайрияи “Ормони дилҳо” дар маркази шаҳри Исфара дар назди нуқтаи нонфурӯшии "Нони Зоирбой" бо ташаббуссу саҳмгузории шахсони саховатманду хайрхоҳ аз ҷамоати Ворух ва  муассиси нонвойхонаи "Зоирбой"  ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат "Ҷевони меҳрубонӣ" гузошта шуд, ки аз он ҳамарӯза нафарони ниёзманд метавонанд ба таври ройгон маводи озуқа дастрас намоянд. Исмоилов шеваи истифода аз “Ҷевони меҳрубонӣ”-ро чунин шарҳ дод: “Ҳар нафари соҳибдилу хайрхоҳ метавонад дар доираи қудрат ва тавоноияш бидуни ҳеҷ як мушкилӣ ба дохили ҷевон маводи хӯрока гузорад ва тавассути ин ба ашхоси ниёзманд кумаки амалӣ расонад ва онҳое, ки эҳтиёҷ доранд, ба қадри эҳтиёҷашон ба таври ройгон мавод бигиранд”. Яъне, гуфт ӯ, тартиби кори “Ҷевони меҳрубонӣ” чунин аст: Ниёз дошт бошӣ - бигир, тавоно бошӣ – гузор!  
Ҳабибаллоҳ Исмоилов афзуд, ташкилкунандагони ин амали хайру савоб омодаанд, ки боз дар 5 нуқтаи дигари нонфурӯшӣ дар ҳудуди шаҳри Исфара чунин “Ҷевонҳои меҳрубонӣ” бигузоранд.
Бисёриҳо дар зери ин хабар ба ташаббускорони ташкили “Ҷевони меҳрубонӣ” таҳсину офарин хондаанд ва гуфтаанд, мутаассифона, дар ҷомиаи имрӯза инсофу эҳсон ва инояту меҳрубонӣ аз молҳои камчин шудааст. Ва он ҳам дар ҳоле ки шумораи афроди ниёзманд ба хайру саховат дар ҷомиа торафт меафзояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.