расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ФИРОРИ МАҲБУСИ ТОҶИК АМРИДДИН САИДОВ АЗ ЗИНДОНИ РУСИЯ

Асосӣ / Ҷомеа

ФИРОРИ МАҲБУСИ ТОҶИК АМРИДДИН САИДОВ АЗ ЗИНДОНИ РУСИЯ

ФИРОРИ МАҲБУСИ ТОҶИК АМРИДДИН САИДОВ АЗ ЗИНДОНИ РУСИЯ
Маҳбуси тоҷики 57-сола Амриддин Саидов, ки 9 сол боз дар маҳбаси Русия бо ҷуми қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекард ва то поёни ҳукмаш камтар аз ду соли дигар боқӣ монда буд, аз маҳбаси сукунатӣ  (колония-поселение) № 20, воқеъ дар шаҳри Уст-Кути вилояти Иркутск фиррор кардааст. Дар ГУФСИН, идораи зиндонҳои вилояти Иркутск гуфтанд, ки Амриддин Саидов субҳи 27 октябри соли 2023 фирор кардааст.
Амриддин Саидов бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд ва 8 соли аввали ҳукмашро дар маҳбаси низомаш сангин адои карда, дар баҳори соли 2022 ба маҳбаси сукунутӣ гузаронда шуд. Ӯ мебоист соли 2025 ба озодӣ мебаромад.Сабаби фирори маҳбуси тоҷик аз маҳбаси сукунутӣ, ки қоидаҳои будубошаш нисбат ба зиндон хеле сабуктар аст, гуфта нашудааст.
Идораи зиндонҳои вилояти Иркутск ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.
Шаҳри Уст-Кут бо наздики 37 ҳазор аҳолӣ дар маҳалли ба дарёи бузурги Лена рехтани дарёи Кута, дар фосилаи тақрибан 900 километр дар шимолушарқи шаҳри Иркутск ҷойгир шудааст.
Ин ягона мавриди аз маҳбасҳои Русия фирор кардани маҳбусони тоҷик нест.Тавре қаблан хабар додем, шаҳрванди Тоҷикистон Камолҷон Калонов, ки қариб 20 солро дар маҳбаси Русия пушти сар карда буд, рӯзи 18 сентябри соли 2023, дар рӯзе ки бояд озод мешуд, аз маҳбаси сукунатӣ (колония-поселение)-и №19, воқеъ дар шаҳраки Маркови вилояти Иркутск фирор кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.