расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ПАСТ ЗАДАНИ МАРДУМИ ХУҶАНД ДАР СОМОНАИ “СОМОН ТҶ”

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ПАСТ ЗАДАНИ МАРДУМИ ХУҶАНД ДАР СОМОНАИ “СОМОН ТҶ”

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ПАСТ ЗАДАНИ МАРДУМИ ХУҶАНД ДАР СОМОНАИ “СОМОН ТҶ”
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд аз боздошти ҷавони чехолфурӯше хабар дод, ки дар эълонаш дар сомонаи “Сомон ТҶ” шаъну эътибори мардуми Хуҷандро паст задааст. Бино ба иттилои расмӣ, дар асоси нашри эълон ва баёни андешаи носолим дар сомонаи «Сомонтҷ” нисбати шаҳрванд Шукуров Муродалӣ Соқиҷонович, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи ш.Гулистон аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд чораҳои қонунӣ дар доираи протоколи маъмурии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуд.
Дар эълони Шукуров дида мешавад, ки ӯ чехоли мошинро бо нархи 900 сомонӣ ба фурӯш гузошта, муштариёни чехолҳо аз Хуҷандро “гелосҳои Хуҷанд” ном бурда, хоҳиш мекунад, ки барои поён овардани нархи молҳояш ғамаш надиҳанд. Дар як шарҳи дигар ӯ бо як лаҳни тунд боз ҳам хуҷандиҳоро дашном медиҳад, ки агар ҳамчунон аз вай паст кардани нархи чехолашро талаб кунанд, фалонашон мекунад.
Худи Шукуров Муродалӣ барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нест, вале дар иттилоияи дафтари матбуоти шаҳрдонии Хуҷанд гуфта мешавад, ки “шаҳрванд Шукуров Муродалӣ Соқиҷонович аз гуфтор ва кирдораш сахт пушаймон гардида, расман узр пурсидааст”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.