расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 3 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ПИСАРИ РЕКТОРИ СЛАВЯНӢ БАРОИ МАРГИ ОВОЗХОН НЕКРӮЗ НИЁЗОВ

Асосӣ / Ҷомеа

3 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ПИСАРИ РЕКТОРИ СЛАВЯНӢ БАРОИ МАРГИ ОВОЗХОН НЕКРӮЗ НИЁЗОВ

3 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ПИСАРИ РЕКТОРИ СЛАВЯНӢ БАРОИ МАРГИ ОВОЗХОН НЕКРӮЗ НИЁЗОВ
Комёб Файзулло, ронандаи мошине, ки сабабгори ҳалокати овозхон Некрӯз Ниёзов гардид, ба 3 сол зиндон маҳкум шудааст.
Рӯзи 2-юми ноябри соли 2023 дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  гуфтанд, ҳукми Комёб Файзулло “се рӯз пеш содир шуда”, вай бар пояи моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудааст,) маҳкум кардааст. Вакили Комёб Файзулло барои шарҳи ҳукм дастнорас буд, аммо падараш Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ, рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Озодӣ гуфт, мошине, ки садама кард, аз ӯ буд, на аз писараш ва шаби ҳодиса писараш мошинро гирифта, куҷое рафтанӣ буд. Наздикони овозхон Некрӯз Ниёзов гуфтанд, онҳо ба ҷаласаи додгоҳ нарафтанд, “чунки фарзандашонро дигар баргардонда наметавонанд.”
Шаби 21 сентябр дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани ду мошини гаронбаҳо дар назди тарабхонаи “Боми Ҷаҳон” дар Душанбе овозхони 28-сола Некрӯз Ниёзов, ки дар канори роҳ истода буд, ҷон бохт. Мақомот гуфтанд, яке аз мошинҳоро Комёб Файзулло ва мошини дуввумро нафаре бо номи Оятулло Аҳтамзода меронд. Дар бораи Аҳтамзода маълумоти зиёд дар даст нест ва рӯшан нест, ки ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ё не?

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.