расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР МЕТРОИ ПЕТЕРБУРГ СЕ НАВРАС ҶАВОНИ ТОҶИКРО ПАРРОНДАНД. ПУЛИС ҲАМ ОНҲОРО ҶАЗО ДОД ВА ҲАМ ... ТОҶИКРО

Асосӣ / Муҳоҷир

ДАР МЕТРОИ ПЕТЕРБУРГ СЕ НАВРАС ҶАВОНИ ТОҶИКРО ПАРРОНДАНД. ПУЛИС ҲАМ ОНҲОРО ҶАЗО ДОД ВА ҲАМ ... ТОҶИКРО

ДАР МЕТРОИ ПЕТЕРБУРГ СЕ НАВРАС ҶАВОНИ ТОҶИКРО ПАРРОНДАНД. ПУЛИС  ҲАМ ОНҲОРО ҶАЗО ДОД ВА ҲАМ ... ТОҶИКРО
Рӯзи 28 октябри соли 2023 дар истгоҳи метрои “Уделная”  дар маркази шаҳри Санкт-Петербург як муҳоҷири 21-сола аз Тоҷикистон ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст. Дар ин бора ин ҷавони тоҷик худаш ба пулис хабар додааст. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Фонтанка”, пулис нафақат ҳамлагарон, балки худи қурбонии ҳамларо ҳам ҷазо додааст.
Бино ба гузориши “Фонтанка”, рӯзи шанбе, 28 октябр як ҷавони 21-солаи тоҷик, ки ба Петербург аз Тоҷикистон бо мақсади кор омада, ҳамчун ҳаммол (грузчик) кор мекардааст, ба корманди пулис дар истгоҳи метрои “Уделная” муроҷиат карда, хабар додааст, ки дар платформаи ин истгоҳи метро нафарони ношинос ба тарафи ӯ аз пистолет тир холӣ кардаанд.
Кормандони пулис алакай дар истгоҳи баъдии “Пионерская” се нафарро бо гумони ҳамлаи мусаллаҳона ба муҳоҷири тоҷик дастгир кардаанд. Маълум шуд, ки ҳарсеи онҳо ноболиғ буда, дар як мактаби хусусӣ таҳсил мекардаанд. Пулис ин се нафар: ду акаву додари синнашон 13 ва 15 ва дӯсти  15-солаи онҳоро дастгир ва аз дасти онҳо як мил силоҳи шикорӣ (охотничий спусковой механизм)-ро мусодира кардааст.
Азбаски қонуншиканҳо ноболиғанд, пулис нисбат ба волидони онҳо бо иттиҳоми ба таври муносиб иҷро накардани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд протокол тартиб додааст.
Вале ҳангоми таҳқиқи ин қазия маълум шудааст, ки ҷабрдида низ қоидаҳои будубош дар Русияро вайрон кардааст. Нисбат ба ӯ низ барои вайрон кардани қонуни муҳоҷират протокол тартиб додаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.