расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТИРПАРРОНИИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ШЕРЗОД ФОЗИЛОВ ДАР МАСКАВ (ФОТО)

Асосӣ / Муҳоҷир

ТИРПАРРОНИИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ШЕРЗОД ФОЗИЛОВ ДАР МАСКАВ (ФОТО)

ТИРПАРРОНИИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ШЕРЗОД ФОЗИЛОВ ДАР МАСКАВ (ФОТО)
Дар Маскав нисбат ба зодаи Тоҷикистон Шерзод Фозилови 23-сола бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ бо истифода аз силоҳ (моддаи 213) ва муқовимату зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат (моддаи 318) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ тибқи моддаи 213 ҳамчун ҷазо то 7 соли зиндон ва барои муқовимат ба пулис бар асоси моддаи 318 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Худи Шерзод Фозилов ва як дӯсташ, ки низ шоҳиди айнии ҳодиса буд, барои шарҳи мустақими моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи мақомот, рӯзи 28 октябри соли 2023 дар истгоҳи автобус дар кӯчаи Софя Ковалёвская дар шимоли Маскав, тири аз пистолети  пневматикӣ ба замин холикардаи Фозилов аз асфалт ҷаста, ба дасти як ҷавонзан задааст. Ин ҷавонзан, ки бо кӯдакаш дар истгоҳ мунтазири автобус буд, аз Шерзод ва дӯсти ӯ, ки сигор мекашиданд, хоҳиш карда будааст, ки каме дуртар сигорашонро бикашанд, то дудаш ба димоғи кӯдаки ӯ нарасад. Ба болои  ин, бино ба иттилои Телеграм-канали ба мақомоти қудртии Русия наздики Маsh, ки аввалин шуда дар бораи ин ҳодиса хабар дод ва низ аввалин шуда,  исми ҷавони дастгиршударо нашр кард, Шерзод Фозилов ҳангоми фирор дар автобус ба тарафи як зани дигар низ аз пистолеташ тир холӣ карда, ҳангоми боздошт ба кормандони пулис муқовимат нишон додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.