расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚАДАМИ ҚУРБОН ДАР БАРНОМАИ АНДРЕЙ МАЛАХОВ ҲАМАРО ҚОИЛ КАРД

Асосӣ / Ҷомеа

ҚАДАМИ ҚУРБОН ДАР БАРНОМАИ АНДРЕЙ МАЛАХОВ ҲАМАРО ҚОИЛ КАРД

ҚАДАМИ ҚУРБОН ДАР БАРНОМАИ АНДРЕЙ МАЛАХОВ ҲАМАРО ҚОИЛ КАРД (ВИДЕО)
Шоми 29 октябри соли 2023 нашри навбатии барномаи Андрей Малахов нашр шуд. Ин шумораи барномаи "Песни от всей души"-ро бахусус дар Тоҷикистон бесаброна мунтазир буданд, чунки яке аз меҳмонони он  ин навбат овозхон ва ширинкори шинохта аз деҳаи дурдасти Чагам дар ҷануби Тоҷикистон Қадами Қурбон буд. Андрей Малахов  аз якуним соати барномааш 15 дақиқаи онро ба ин ситораи худрӯ аз деҳаи Чагам ихтисос дод ва бо вуҷуди мавҷи интиқодҳое, ки Қадами Қурбон қабл аз нашри шоуи Малахов дучор шуд, ҳоло метавон бо боварӣ гуфт, ки яке аз ҳунарнамоиҳои аз ҳама хотирмону дилнишин дар ин шумораи барнома маҳз ҳунарнамоии овозхони тоҷик буд. Қадами Қурбон дар дақиқаи 25-уми барнома зоҳир шуд ва то дақиқаи 40 барномаро ба қавли маъруф “тарконд”: ҳам бо таронаҳои худ, ҳам бо шӯхиву зарофатҳояш ва ҳатто бо забони русии пурлакнат, вале боз ҳам ширину шуниданиаш.
Андрей Малахов гузориш аз деҳаи Чагам, зодгоҳи Қадами Қурбонро намоиш дод. Қадам дар деҳа нақл кард, ки чӣ гуна дар вақташ зани ҳозираашро дуздид, ҳамчунин сари мазори падару модари барвақт аз дунё рафтааш Гулмаҳмад ва Шарифамо Қурбоновҳо рафта, ба ёди онҳо дар сари хокашон сураеро аз “Қуръон” қироат кард ва нақл кард, ки ба хотири таъмини 5 бародару 5 хоҳари ятиммондааш маҷбур шуда буд, ки навохтани аккордеонро омӯхта, дар тӯйҳо ҳунарнамоӣ кунад. Қадами Қурбон ҳамчунин фаҳмонд, ки чаро ҳавлиаш дарвоза надорад?  “Ман махсус дарвоза нашинондам, чунки дари ман ҳамеша ба рӯи ҳама боз аст: ба рӯи ҳаққу ҳамсоя, хешу табор, аҳли деҳа, ба рӯи шиносу ҳатто ношиносҳое, ки ба дари мо қадам ранҷа мекунанд, дари мо боз ва дастурхонамон барои меҳмон кушода аст ҳамеша”, - нақл кард ӯ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.