расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРГИ ТИФЛИ ЯКСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОРКАШ ВА ҒОРАТГАРИИ НОБОЛИҒИ 15-СОЛА

Асосӣ / Муҳоҷир

МАРГИ ТИФЛИ ЯКСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОРКАШ ВА ҒОРАТГАРИИ НОБОЛИҒИ 15-СОЛА

МАРГИ ТИФЛИ ЯКСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОРКАШ ВА ҒОРАТГАРИИ НОБОЛИҒИ 15-СОЛА
19-уми октябри соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-33020”, Олимов Ғиёсиддин Давлатбекович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Тангаии ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Ҳасанзода Шаҳнозаи Ҷамшед, соли таваллудаш 2022, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Ҳасанзода Ш.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ххххххххххххх
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки шаби 2 ба 3-юми октябри соли 2023, тахминан соати 00:10-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Зарнисори шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро лату кӯб карда, бо тариқи зӯроварӣ аз ӯ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-9”, 400 сомонӣ ва 1-адад курткаашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд, ки ӯ ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии “Самир” ном шахс содир намудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.