расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ОВОЗХОНИ ТОҶИК ФАРРУХ ҲАСАНОВ БА НИМФИНАЛИ ОЗМУНИ “НУ-КА, ВСЕ ВМЕСТЕ!” РОҲ ЁФТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ОВОЗХОНИ ТОҶИК ФАРРУХ ҲАСАНОВ БА НИМФИНАЛИ ОЗМУНИ “НУ-КА, ВСЕ ВМЕСТЕ!” РОҲ ЁФТ

ОВОЗХОНИ ТОҶИК ФАРРУХ ҲАСАНОВ БА НИМФИНАЛИ ОЗМУНИ “НУ-КА, ВСЕ ВМЕСТЕ!” РОҲ ЁФТ 
Овозхони ҷавони тоҷик Фаррух Ҳасанов (Ҳасанзода), ки ҳамагӣ 25 сол дорад, ба даври ниманиҳоӣ ё нимфинали мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” дар шабакаи телевизионии “Россия1” роҳ ёфт. Пирӯзии Фаррухро овозхони шуҳратёри рус Николай Басков, ки муҷрии ин озмун аст, эълон кард. Ҳунарнамоии Фаррух Ҳасанов шоми 20 октябр нашр шуд.
Фаррух пеш аз оғози ҳунарнамоӣ гуфт:  “Ман аз рӯи касбам дипломат ва тарҷумону забоншиносам. Вале дер боз ба мусиқӣ машғулм ва дар дунёи мусиқӣ оромиш пайдо кардаам. Ин як дунёи дигар аст. Дар саҳна ман кӯшиш мекунам, ки худам бошам. Ҳамин кофист, Медонам, ки тамоми мардумам, тамоми Тоҷикистон ва аҳли оилаам маро мухлисӣ доранд”.
Фаррух барои ин даври озмун таронаи Lovely аз Билли Айлиш ва Холидро, ки бо он қаблан ҳакамони озмуни “Central Asia's Got Talent”ро ба ваҷд оварда буд, интихоб кард. Ӯ баробари бо саҳна баромадан иҷрои таронаро бо навохтани навояш бо панҷаҳояш дар рӯи қалби худ оғоз кард, ки ин ҳамаро ба ваҷд овард. Яке аз доварон гуфт, ки Фаррух бо ин шева мехоҳад навои таронаро ба навои қалби худ ҳамоҳанг кунад ва сипас таронаашро бисарояд. Аммо аз 100 узви ҳайъати ҳакамон танҳо 94 нафар ба иҷрои Фаррух овоз доданд ва роҳхати мустақим ба даври ниманиҳоиро Дмитрий Мататов бо касби 99 овоз ба даст овард.
Дар набарди ҳалкунанда овозхони ҷавони жзодаи Душанбе таронаи Arcade аз ғолиби озмуни  “Евровидения-2019” Дункан Лоуренсро иҷро кард ва бо касби 99 овоз ба рақиби худ аз Арманистон Ваагн Минасян, ки ҳамагӣ 72 овоз гирифт, ягон шонс боқӣ нагузошт ва роҳии даври ниманиҳоӣ ё нимфинали озмуни “Ну-ка, все вместе!” шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.