расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 15 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР ЁҚУТИСТОНИ РУСИЯ БАРОИ КУШТОРИ 20 СОЛИ ПЕШ

Асосӣ / Муҳоҷир

15 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР ЁҚУТИСТОНИ РУСИЯ БАРОИ КУШТОРИ 20 СОЛИ ПЕШ

15 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР ЁҚУТИСТОНИ РУСИЯ БАРОИ КУШТОРИ 20 СОЛИ ПЕШ
Додгоҳи олии ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) дар минтақаи Сибири Русия як марди 55-солаи зодаи Тоҷикистон ва як зани 38-солаи золаи Ёқутистонро дар ҷинояти одамкушие, ки 20 сол қабл дар шаҳри Якутск, пойтахти ин ҷумҳурӣ содир кардаанд, гунаҳкор шинохта, занро ба 7 соли зиндони низомаш умумӣ ва мардро ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. 
Худи маҳкумшудагон ваё наздикону адвокатҳои онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи   тафтишоту додгоҳ, марди зодаи Тоҷикистон аз 1 октябр то 16 декабри соли 2003 ба сабаби надоштани ҷои хоб як ҳуҷраро дар манзили як пиразани сокини шаҳри Якутск дар кӯчаи Ярославская, 19 иҷора гирифтааст. Баъди чанде зани зодаи Ёқутистон, ки дар ин парванда ҳамчун шарики муҳоҷири тоҷик мегузарад, низ дар он ҳуҷра маскун шудааст. Маҳкумшудагон бо роҳи фиреб кӯшиш кардаанд, соҳибхона хонаашро ба номи онҳо  кунад. Вале пиразан аз имзои қарордоди фурӯши хонааш саркашӣ кардааст ва он ду нафар бо ваъдаи ба истироҳатгоҳ бурдани ӯ, пиразанро аз хона баровварда, дар як гӯшаи беодам ӯро буғӣ карда, куштаанд ва ҷасадашро дар чуқурии як гаражи матрук дар кӯчаи Тихонови шаҳри Якутск зери хок кардаанд.
Баъди ин онҳо манзили пиразанро тармим карда, чизу чораи ӯро бароварда, партофтаанд ва хонаро ба одамони дигар фурӯхтаанд. Барои онки касе шубҳа накунад,  онҳо ба номи пиразани кушташуда чиптаи ҳавопаймои яктарафа харида, ба ҳамсояҳо эълон кардаанд, ки гӯё пиразан барои зиндагии доимӣ ба шаҳри Новосибирск кӯчида рафтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.