расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУҶОЗОТИ 300 НАФАР ВА ИХРОҶИ 34 КАС БАРОИ ЗАНОЗАНИИ ТОҶИКҲОВУ ҚИРҒИЗҲО ДАР КОНИ “ГАЗПРОМ”

Асосӣ / Муҳоҷир

МУҶОЗОТИ 300 НАФАР ВА ИХРОҶИ 34 КАС БАРОИ ЗАНОЗАНИИ ТОҶИКҲОВУ ҚИРҒИЗҲО ДАР КОНИ “ГАЗПРОМ”

МУҶОЗОТИ 300 НАФАР ВА ИХРОҶИ 34 КАС БАРОИ ЗАНОЗАНИИ ТОҶИКҲОВУ ҚИРҒИЗҲО  ДАР КОНИ “ГАЗПРОМ” 
Раёсати Додситонии кулли Русия дар ҳавзаи федералии Сибир хабар дод, ки дар пайи таҳқиқи қазияи занозании гуруҳӣ байни беш аз 300 корманди хориҷиии кони газ дар ҳудуди ноҳияи Жигаловои вилояти Иркутск, пулиси ин вилоят беш аз 300 нафарро  бар асоси моддаи 20.1 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда, 34 нафари онҳоро аз қаламрави Русия маҷбуран ихроҷ кардаанд. Ҳамин тавр, ба иттилои додситонӣ, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми авбошӣ кушода шудааст ва 5 айбдоршаванда ба ҳабси пешакӣ ё ҳабси хонагӣ гирифта шудаанд. Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқот, 23 июни соли 2023 дар ошхона ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ байни кормандони ширкати АО “Ленгазспецстрой” барои навбати хӯрокхӯрӣ занозанӣ ба амал омада, дар ҷараёни он чанд тан аз коргарон ҷароҳат бардоштаанд.
Додситонии кулли Русия гуфт, бо тақозои додситонӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои ҷанҷолзо дар корхона 4 ошхонаи иловагӣ ташкил карда, шумораи корманди хадамоти амниятро зиёд кардаанд.
Тавре пойгоҳи хабарии “orien” қаблан хабар дода буд, рӯзи 23 июни соли 2023 дар кони  гази Ковикта, як  кони ширкати “Газпром”, дар ҳудуди ноҳияи Жигаловои вилояти Иркутски Русия байни садҳо муҳоҷири тоҷику қирғиз занозании гуруҳӣ ба амал омада, дар ҷараёни занозанӣ 9 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.