расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИСТОДАГАРИИ САЗОВОРИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР БАРОБАРИ ҲАЙБАТИ РОНАЛДУ ВА ТИМИ Ӯ

Асосӣ / Варзиш

ИСТОДАГАРИИ САЗОВОРИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР БАРОБАРИ ҲАЙБАТИ РОНАЛДУ ВА ТИМИ Ӯ

ИСТОДАГАРИИ САЗОВОРИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР БАРОБАРИ ҲАЙБАТИ РОНАЛДУ ВА ТИМИ Ӯ (ВИДЕО)
Қаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шоми 2 октябри соли 2023 дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 дар гурӯҳи «Е» дар меҳмонӣ муқобили бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд, вале дар умум истодагарии сазовор ва  ҳунарнамоии шоиста нишон дод.
Бояд зикр кард, ки ҳисобро дар бозӣ дар дақиқаи 44 ҳамлагари “Истиқлол” Сенин Себай кушод ва то дақиқаи 66 қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозӣ пешсаф буд. Танҳо дар дақиқаи 66 ба ситораи рақами 1 дастаи “Ал Наср” Криштиану Роналду муяссар шуд, ки ҳисобро баробар кунад. Сипас бозигари бразилии тими Саудӣ Андерсон Талиска боз ду голи дигар ба дарвозаи “Истиқлол” зад.
Вале дар умум мухлисон аз бозии “Истиқлол” ва инки дастаи Тоҷикистон аз ҳайбати Роналду ва тими ӯ нотарсида, бозии шоиста намоиш доданд, розӣ буданд ва бачаҳои “Истиқлол” тавсиф карданд.
Дар бозии дигари гуруҳи “Е” дастаи “Ал Дуҳайл” аз Қатар дар майдони худ аз тими эронии “Персеполис” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
 «Истиқлол» дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар меҳмонӣ бо «Персеполис»-и Эрон бозӣ мекунад. Ин рақобат 24 октябр дар Теҳрон баргузор мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.