расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БА ГУЛБАРГ АКОБИРОВА БАРОИ ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗАШ 51 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ТАҲДИД МЕКУНАД

Асосӣ / Ҷомеа

БА ГУЛБАРГ АКОБИРОВА БАРОИ ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗАШ 51 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ТАҲДИД МЕКУНАД

 БА ГУЛБАРГ АКОБИРОВА БАРОИ ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗАШ 51 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ТАҲДИД МЕКУНАД 
Гулбарг Акобирова, фурӯшандаи мағозаи “Абдулазиз” дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ба он айбдор мешавад, ки санаи 13 сентябри соли 2023 зодрӯзи 36-уми худро ботантана дар дохили мағозааш бо ташкили дастурхони пур аз нозу неъмат ва даъвати ҳамкоронаш гузарондааст. Дар сабт дида мешавад, ки дар дохили мағоза мизи калоне гузошта, болои он ғизову шириниҳои гуногун, аз ҷумла торт гузоштаанд ва дар девори мағоза лавҳаҳои “Зодрӯз муборак!” насб карда шуда, ба ҷашни зодрӯзи Гулбарг Акобирова тақрибан 15 нафар, ҳамагӣ занону духтарон даъват шудаанд. Ин дар ҳолест, ки моддаи 8 қонуни танзими расму ойин таҷлили ҷашни зодрӯзро танҳо дар доираи оила иҷозат медиҳад. Шаҳрвандон бар асоси ин банди қонун ҳақ надоранд ба зодрӯзи худ ҳатто дӯстону дугонаҳо ваё ҳамкорону ҳамкасбони худро даъват кунанд.
Ҳамчунин,  сокини шаҳри Ғафуров Ҷасурбек Зуҳуров санаи 16 сентябр дар хонааш хатнасӯри фарзандашро бо оростани дастурхони пурнозунеъмат, пухтани 3 дег таом ва даъвати беш аз 150 меҳмон гузарондааст. Ин дар ҳолест, ки қонуни танзим гузарондани хатнасӯрро танҳо дар доираи оила иҷозат медиҳад.
Ба шаҳрванд Зуҳуров барои ин ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне баробар бо 7480 сомонӣ, ё наздики 700 доллар таҳдид мекунад, вале ба Гулбарг Акобирова, ки соҳибкор аст, ҷарима ба андозаи 51 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад.
Маҳдуд кардани ҷашни зодрӯз ва маъракаҳои дигаре, чун хатнасӯр аз силсилаи қонунҳои аҷибулғариби қабулшуда дар Тоҷикистон аст, ки дар матбуоти байналмилалӣ ҳамеша ба боди масхара кашида мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.