расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Намояндаи Тоҷикистон дар панҷумин нишасти машваратии “Формати Маскав” оид ба Афғонистон ширкат мекунад ва аллакай ӯ ба Русия рафтааст

Асосӣ / Ҷаҳон

Намояндаи Тоҷикистон дар панҷумин нишасти машваратии “Формати Маскав” оид ба Афғонистон ширкат мекунад ва аллакай ӯ ба Русия рафтааст

Намояндаи Тоҷикистон дар панҷумин нишасти машваратии “Формати Маскав” оид ба Афғонистон ширкат мекунад ва аллакай ӯ ба Русия рафтааст. Ин нишаст пагоҳ, 29-уми сентябр, дар шаҳри Қазон баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ҳоло намояндаи Тоҷикистон кӣ аст ва оё ӯ дар ин нишаст суханронӣ мекунад ё на, ба мо маълум нест. Дар бораи дигар ҷузъиёти ин сафари намояндаи Тоҷикистон аз ВКХ маълумот пешниҳод накарданд.
Дар ин нишаст бори нахуст намояндаи Толибон* низ ширкат менамояд.
Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, дар “Формати Маскав” Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи гурӯҳи Толибон иштирок хоҳад кард ва ӯ  ҳоло дар Русия қарор дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.