расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » САДРИДДИН НАДЖМИДДИН ПРОВЕЛ СВАДЬБУ ДОЧЕРИ В САМАРКАНДЕ (ВИДЕО)

Асосӣ / Муҳоҷир

САДРИДДИН НАДЖМИДДИН ПРОВЕЛ СВАДЬБУ ДОЧЕРИ В САМАРКАНДЕ (ВИДЕО)

САДРИДДИНИ НАҶМИДДИН ТӮЙИ АРӮСИИ ДУХТАРАШРО ДАР САМАРҚАНД БАРГУЗОР КАРД (ВИДЕО)
Тӯйи арӯсии Манижа, духтари овозхони шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин рӯзи 11 сентябри соли 2023 бо ширкати садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо тан аз ситораҳои эстрадаи тоҷик дар шаҳри Самарқанд дар тарабхонаи машҳури “Шоҳсарой” баргузор шудааст.
Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, домоди Садриддини Наҷмиддин аз бачаҳои тоҷики муқими Амрикост. Дар навори тӯй, ки бештарашро Қурбон Неъматов аз гуруҳи “Арабшоҳ Компания” дар каналаш дар Ютуб нашр кард,  падари домод, ки риши сафед дорад, дар паҳлуи Садриддини Наҷмиддин дар ҳоли хушомадед гуфтан ба меҳмонон дида мешавад.
Тӯйи арӯсии духтари Садриддинро муҷриёни маъруф Орзу Исоев ва Шаҳло Аҳророва гардонандагӣ мекарданд ва азбаски тӯй 7 соат давом кард, дар ин миён  чанд дафъа шоири таронанавис ва ширинкори шинохта Ҳасан Чиллаев ва Қурбон Неъматов аз “Арабшоҳ Компания” низ ба кумаки гардонандагони базм расиданд.
Аз ситораҳои шинохта дар тӯйи арӯсии духтари Садриддин якеаш хонандаи шуҳратёри афғон Амирҷон Сабурӣ буд, ки чанд таронаи машҳураш, аз ҷумла “Шаҳр холӣ, кӯча холӣ...”-ро хонд. Аз ситораҳои тоҷик дар тӯй Сангалӣ Мирзоев, Зикриаллоҳ Ҳакимов, Фурқати Саид,  Рустами Нур, Шаҳзоди Даврон, Эркин Одинаев, Шерзод Узоқов, Ҳасани Камол, Фирӯза Ҳафизова иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.
Сабаби дар Самарқанд баргузор шудани тӯй маълум нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.