расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР 3 САДАМАИ РӮЗИ 17 СЕНТЯБР

Асосӣ / Ҷаҳон

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР 3 САДАМАИ РӮЗИ 17 СЕНТЯБР

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР 3 САДАМАИ РӮЗИ 17 СЕНТЯБР
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки  рӯзи 17-уми сентябри соли 2023 дар се садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар захмӣ шуданд.
Аз ҷумла субҳи 17-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 04:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зафира”, Назаров Имомҷон Азимович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи Поён”,  дар километри 121-120 дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “ВАЗ-21010”, таҳти идораи Мирзоев Иззатулло Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҷайҳун, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-21010”, Мирзоев И.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири мошини мазкур, Абдуҳалимов Эмомҷон Абдурозиқович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамзамон, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зафира”, Назаров И.А. ва мусофираш Ахмедова Назокат Давлатовна, соли таваллудаш 1969, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.