расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАРГУЗАШТИ ПИСАРИ КАЛОНИИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Асосӣ / Сиёсат

ДАРГУЗАШТИ ПИСАРИ КАЛОНИИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ДАРГУЗАШТИ ПИСАРИ КАЛОНИИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Масъуд Турсунзода, писари калонии шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, субҳи 12 сентябри соли 2023 аз олам чашм пӯшид. Солҳои охир Масъуд Турсунзода аз бемории қанд ранҷ мекашид ва ҳамин беморӣ дар ниҳоят сабаби маргаш шудааст. Дар вақташ, дар соли 1977 маҳз сабаби марги падари шуҳратёри ӯ низ бемории қанд шуда буд.
Мирзо Турсунзода се фарзанд: ду писар ва як духтар дошт. Писари хурдии ӯ Парвиз Турсунзода 31 июли соли 2021 вафот кард.
Масъуд Турсунзода, ки ихтисосаш физика ва радиотехника буд, солҳо раҳбари Коллеҷи техникии Тоҷикистон буд ва солҳои ахир дар соҳаи алоқаи мобил кор мекард.
Бо даргузашти ҳарду писари Мирзо Турсунзода аз фарзандони ӯ танҳо духтараш Фирӯза Турсунзода боқӣ мемонад. Фирӯза Турсунзода нахустин духтари тоҷик буд, ки риштаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, умри худро ба таҳқиқоти илмӣ бахшид ва  соҳиби унвони номзади илмҳои фалсафа ва профессор шуд.
Мирзо Турсунзода соли 1911 дар Қаротоғ ба дунё омада, соли 1977 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд. Аз Мирзо Турсунзода чанд китоби шеър ва достонҳое, чун “Ҳасани аробакаш”,  “Ҷони ширин”,  “Қиссаи Ҳиндустон”, “Садои Осиё”, “Аз Ганг то Кремл”, “Арӯс аз Маскав” ба ёдгор мондааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.