расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВКД: “БЕГМАҲМАД” ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН НЕСТ, НОМАШ АСЛИШОСТ ВА ХУДАШ - АЗ АФҒОНИСТОН

Асосӣ / Сиёсат

ВКД: “БЕГМАҲМАД” ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН НЕСТ, НОМАШ АСЛИШОСТ ВА ХУДАШ - АЗ АФҒОНИСТОН

ВКД: “БЕГМАҲМАД” ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН НЕСТ, НОМАШ АСЛИШОСТ ВА ХУДАШ - АЗ АФҒОНИСТОН 
Ахиран як шабакаи интернетии Афғонистон бо номи “Бадахшон Медиа”  қиссаи мардеро бо номи “Бегмаҳмад” нақл кард, ки иддао дошт, ки шаҳрванди Тоҷикистон буда, солҳои зиёде дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардааст, вале мақомоти тоҷик ахиран ӯро аз кишвар берун андохта, иҷозати вуруди дигарбора намедиҳанд. 
Аммо ВКД Тоҷикистон рӯзи 7 сентябри соли 2023 ин иддаоро рад кард ва гуфт, қаҳрамони видео дар асл Аслишо Мирзогули Ҷондоршо, санаи таваллуша 12 феврали соли 1973, падари ду фарзанд ва шаҳрванди Афғонистон буда, тақрибан солҳои 1995-1996 аз Афғонистон ҳамчун гурезаи ғайрирасмӣ ба Тоҷикистон омадаст. 
ВКД менависад: “Номбурда, аз ҳамон вақт шиносномаи шаҳрванд Давлатов Бегмаҳмад Хурсандовичро дастрас намуда, бо роҳи сохтакорӣ соҳиби шиноснома гардидааст. Ҳангоми санҷишу баррасӣ Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳо даст задани номбурдаро муайяну ошкор намуда, маводи ҷамъовардашуда нисбати Аслишо Мирзогули Ҷондоршо ҳамчун бо ному насаби тақаллубии «Давлатов Бегмаҳмад Хурсандович» ба прокуратураи ноҳияи Сино ирсол гардида, бо моддаи 340 (сохтакорӣ), қисми 2, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2019 бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 соли колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин гардидааст”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.