расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БА ЛАБҲОЯТ БИЗАН МӮҲРИ ХАМӮШӢ! ТОЛИБОН КАРЗАЙРО АМАЛАН БА ҲАБСИ ХОНАГӢ АНДОХТААНД

Асосӣ / Ҷаҳон

БА ЛАБҲОЯТ БИЗАН МӮҲРИ ХАМӮШӢ! ТОЛИБОН КАРЗАЙРО АМАЛАН БА ҲАБСИ ХОНАГӢ АНДОХТААНД

БА ЛАБҲОЯТ БИЗАН МӮҲРИ ХАМӮШӢ! ТОЛИБОН КАРЗАЙРО АМАЛАН БА ҲАБСИ ХОНАГӢ АНДОХТААНД
Пойгоҳи хабарии “Афғонистон Интенешнал” (“Afghanistan International”) рӯҳи 5 сентябри соли 2023 бо такя ба манобеаш хабар дод, ки раисиҷумҳури собиқи Афғонистон, Ҳомид Карзайро гурӯҳи "Толибон" таҳти назорати худ қарор дода аст ва равобити ӯ бо ҷаҳони берунро қатъ карда, маҳдудиятҳои ҷиддие дар роҳи ҳаракатҳои ӯ ҷорӣ кардаанд.  "Толибон" бошанд иддао кардаанд, ки "ин маҳдудиятҳо ба хотири муҳофизат аз Карзай дар баробари ҳамалоти ДОИШ" роҳандозӣ шудааст. Карзай, ки ҳоло 65 сол дорад, дар поёни соли 2001, дар пайи суқути режими якуми “Толибон” аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико ба қудрат расид ва то соли 2014 раёсати Афғонистонро дар даст дошт.
Бино ба навиштаи Afghanistan International, Ҳомид Карзай дигар наметавонад бе иҷозати роҳбари "Толибон" бо сафирони хориҷӣ, мардуми оддӣ ва мақомдорони ин гурӯҳ дидор ва гуфтугӯ кунад. Ҳамчунин, аз ин пас, Карзай бе иҷозати "Толибон" наметавонад ба дохил ва ё хориҷ аз Афғонистон низ сафар дошта бошад. Як шахси наздик ба Карзай ба Afghanistan International гуфтааст, ки "шаш рӯз пеш "Толибон" ба Ҳомид Карзай иҷозаи мулоқот бо ҳайате аз маҷлиси Эронро надоданд". Бо ин ки Карзай дар замони режими кунунии "Толибон" тайи ин ду сол чандин маротиба ба кишварҳои хориҷӣ сафар карду боз ба Афғонистон баргашт, аммо пас аз охирин сафари ӯ ба Британияи Кабир, "Толибон" пурра ӯро аз ҳаққи сафар кардан маҳрум кардаанд. Чунончи чанде пеш ба Карзай иҷозат надоданд то ба Олмон сафар кунад.
Манобеи наздик ба Ҳомид Карзай тасдиқ кардаанд, ки "айни ҳол ӯ бо сарнавишти номаълуме рӯ ба рӯ аст ва танҳо умедвор аст, ки бо тағйири вазъи сиёсии Афғонистон, вазъияти ӯ низ тағйир кунад".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.