расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАРОИ ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН? БОЗДОШТИ СИЁСАТМАДОРИ ҚИРҒИЗ АДАХОН МАДУМАРОВ

Асосӣ / Сиёсат

БАРОИ ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН? БОЗДОШТИ СИЁСАТМАДОРИ ҚИРҒИЗ АДАХОН МАДУМАРОВ

БАРОИ ИМЗОИ ПРОТОКОЛИ МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН? БОЗДОШТИ СИЁСАТМАДОРИ ҚИРҒИЗ АДАХОН МАДУМАРОВ
Нирӯҳои вижа (спетсназ)-и ВКД Қирғизистон субҳи 2 сентябри соли 2023 ҳангоми сайругашт дар кӯчаҳои Бишкек сиёсатмадори собиқадори қирғиз Адахон Мадумаровро дастгир карданд. Ҳангоми боздошт Мадумаров дар кӯча бо писараш сайругашт дошт. Бино ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, Мадумаровро ба Сарраёсати тафтишоти ВКД ин ҷумҳурӣ бурдаанд, вале мақомот то кунун сабаби боздошти ӯро шарҳ надодаанд.
Адахон Мадумаров раҳбари фраксияи “Бутун Қирғизистон” дар Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон ва яке аз мунтақидони ҳокимони имрӯзаи ин ҷумҳурӣ, бахусус президент Содир Ҷабборов ва ёри наздики ӯ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев мебошад.
Санаи 22 июни соли 2023 парлумони Қирғизистон Мадумаровро аз масунияти вакилӣ маҳрум карда, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашондани ӯ дар чорчӯби парвандаи берун рафтан аз ҳадди ваколат ҳангоми имзои протоколи марзӣ бо Тоҷикистон дар соли 2009 розигӣ дод.  Ҳокимони кунунии Қирғизистон Мадумаровро ба он айбдор мекунанд, ки соли 2009  ба протоколе имзо гузоштааст, ки бар асоси он,  минтақаи баҳсии Чоркӯча (Торт-Кочо)  қаламрави Тоҷикистон эътироф шуда, ба Қирғизистон барои 49 сол ба иҷора дода мешавад. Мақомот дар аввал дархости аз масунияти вакилӣ маҳрум кардани Мадумаровро ба парлумон бо иттиҳоми сангини “хиёнат ба давлат” ироа карданд, вале баъдан ин иттиҳом ба “берун рафтан аз ҳадди ваколат” иваз шуд.
Чоркӯча дар марзи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудааст ва роҳҳо аз ноҳияи Бодканд ба тарафи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва  аз Исфара ба тарафи ҷамоати Ворухи Тоҷикистон тавассути Чоркӯча мегузаранд. Қаблан Адахон Мадумаров  аз имзояш дар  протоколи соли 2009 ҳимоят карда, гуфт, имзои протокол дар ҳамон шабу рӯз дуруст буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.