расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДИҚҚАТ! ДУ СОКИНИ ПАНҶАКЕНТ ДАР РОҲ БА ДУШАНБЕ БЕДАРАК ШУДААНД. БАРОИ ЁФТАНИ ОНҲО КУМАК КУНЕД!

Асосӣ / Ҷаҳон

ДИҚҚАТ! ДУ СОКИНИ ПАНҶАКЕНТ ДАР РОҲ БА ДУШАНБЕ БЕДАРАК ШУДААНД. БАРОИ ЁФТАНИ ОНҲО КУМАК КУНЕД!

ДИҚҚАТ! ДУ СОКИНИ ПАНҶАКЕНТ ДАР РОҲ БА ДУШАНБЕ БЕДАРАК ШУДААНД. БАРОИ ЁФТАНИ ОНҲО КУМАК КУНЕД!
Баҳовиддин Ҳайдаров, соли таваллудаш 1974 ва писари ӯ Аловиддин Ҳайдаров, соли таваллудаш 1997, сокинони деҳаи Гузари Моғиёни ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент, ки  рӯзи 27 августи соли 2023  бо мошини “Тойота Ленд Крузер”, рақамаш 2222,  ба тарафи пойтахт сафар мекарданд, дар шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе бедарак шудаанд. 
Тавре медонем, рӯзи 27 август бисёре аз манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла манотиқе, ки шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе тавассути онҳо мегузарад, ба селу боронгарии шадид рӯбарӯ шуда буд. То имрӯз дар бораи дар ин селу боришот ба ҳалокат расидани 17 нафар, аксаран сокинони деҳоти атрофи шаҳри Ваҳдат хабарҳо ба даст расидаанд.
Бо гузашти инак ду шабонарӯз наздикони  ин падару писари бедаракшуда то ҳанӯз ягон иттилое дар бораи куҷо шудани онҳо пайдо накардаанд. Рӯзи 29 август гуруҳе аз сокинони Моғиён, тақрибан 60 нафар, ба ҷустуҷӯи Баҳовиддин Ҳайдаров ва писари ӯ Аловиддин баромадаанд.
Сокинони Моғиён ҳамчунин аз боқӣ шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш мекунанд, ки дар пайдо кардани Баҳовиддин ва Аловиддин Ҳайдаровҳо кумаки худро дареғ надоранд.
Агар Шумо баъди 27 август ин падару писарро дар ягон ҷо дида бошед, ваё дар бораи дар куҷо будани онҳо маълумоте доред, хоҳиш мекунем, бо ин рақам ба Илҳом, саркори деҳаи Гузари Моғиён хабар диҳед:
+992 90 757 3990

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.