расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Рамазон Раҳимзода дар Маскав: Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ мешавад?

Асосӣ / Сиёсат / Муҳоҷир

Рамазон Раҳимзода дар Маскав: Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ мешавад?

Ахиран дар бинои сафорат мулоқоти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия баргузор шуд
Дар бинои Сафорат мулоқоти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Маскав қарор дорад, бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия, баргузор гардид.
Бино бар дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон, инчунин дар ин мулоқот намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё аз ҳисоби ҳамватанони муқими кишвари иштирок доштанд.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба вежа, корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Русия, тартиби ҳуҷчатгузорӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифт.
Вазир дохила аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо барои тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб даъват кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар мулоқоти мазкур ҳамзамон кормандони Сафорат, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Русия, инчунин намояндагони намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар кишвари иқомат иштирок доштанд.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.