расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СЕЛ ДАР АРЧАКАППА МАҶРОИ ДАРЁИ СУРХОБ ВА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ЛАХШРО БАСТ

Асосӣ / Ҷомеа

СЕЛ ДАР АРЧАКАППА МАҶРОИ ДАРЁИ СУРХОБ ВА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ЛАХШРО БАСТ

СЕЛ ДАР АРЧАКАППА МАҶРОИ ДАРЁИ СУРХОБ ВА ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ЛАХШРО БАСТ
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 23 августи соли 2023 тахминан соати 15:40, дар километри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш дар қаламрави ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол), дар наздикии мавзеи Арчакаппа бар асари болоравии ҳарорати ҳаво  пиряхи “Баралмос” об шудаааст. Дар натиҷа, оби шорида аз ин пирях ба сел табдил шуд ва ҷараёни оби дарёи Сурхобро муддати як соати пурра бастааст.
Сел ҳамчунин 400 метр роҳи мошингардро шуста, 3 симчӯби интиқоли барқ ва 150 метр кабели барқ ба қувваи 10 кВтро хароб кардааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, барои бартараф намудани паёмадҳои ин офати табиӣ техника ҷалб карда шудааст ва барқарорсозии оқибатҳои сел идома дорад.
 Ба иттилои ин ниҳод, субҳи рӯзи 24 августи соли 2923 роҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш ҳанӯз баста буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, дар ин офати табиӣ касе ҷисман осеб надидааст. 
Дар як моҳи охир роҳи асосии ноҳияи Лахш, воқеъ дар шарқи Тоҷикстон, дар марзи водии Рашт бо Қирғизистон ба иллати фурӯ рехтани селҳо алакай дастикам бори сеюм баста мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.