расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РОЗИГИИ АМРИКО БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҲАВОПАЙМОҲОИ ҶАНГИИ F-16 БА УКРАИНА

Асосӣ / Муҳоҷир

РОЗИГИИ АМРИКО БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҲАВОПАЙМОҲОИ ҶАНГИИ F-16 БА УКРАИНА

РОЗИГИИ АМРИКО БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҲАВОПАЙМОҲОИ ҶАНГИИ F-16 БА УКРАИНА
Хабаргузории Рейтерс рӯзи 18 августи соли 2023 бо такя ба манобеи худ дар департаменти давлатӣ, ё вазорати корҳои хориҷии Амрико ва номаи котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен хабар медиҳад, ки ҳукумати Амрико ба ду кишвари аврупоӣ, Дания ва Ҳолоанд (Нидерландия), иҷозат додааст, ки тайёраҳои ҷангии навъи "F-16"-и  сохти Амрикоро ба Украина бидиҳанд.
Бино ба гузориши Рейтерс, Энтони Блинкен  дар номаҳояш ба вазирони хориҷаи Дания ва Ҳолланд навиштааст, ки ҳукумати Амрико дар мавриди ирсоли ҷангандаҳои нави "F-16" ба Украина мувофиқ аст.
Дар ин мактуб, ки нусхаи он ба дасти Reuters расидааст, Блинкен аз ҷумла навиштааст, ки "ман ҳимояи комили Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар мавриди омӯзиш додан пилотҳои украинӣ тавассути мураббиёни ҳирфавии мавҷудда ва дар оянда интиқол додани ҷангандаҳои "F-16" аз сӯи муттаҳидони Амрико ба Украинаро эълон мекунам".
Ҳамчунин ин мақомдори амрикоӣ таъкид намудааст, ки "бисёр зарур ва ҳаётӣ аст, ки Украина битавонад дар баробари таҷовузи Русия ва поймол шудани истиқлолаш аз худ дифоъ кунад".
Ин дар ҳолест, ки Юрий Игнат, сухангӯи нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 16-уми августи соли 2023 дар мусоҳибааш эътироф кард, ки Украина то поёни соли 2023 ба ҳавопаймоҳои амрико даст ёфта наметавонад. Игнат гуфт:  "Мо наметавонем тирамоҳ ва ё зимистони соли ҷорӣ барои дифоъ аз сарзаминамон аз ҷангандаҳои "F-16" истифода кунем".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.