расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Асосӣ / Ҳаводис

Як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар хабарномае, ки баъди зуҳри имрӯз, 7-уми август, дар сомонаи ин ниҳод нашр гардид, аз ин гумонбар Бахтовар Сафарови 28-сола ном бурда мешавад, ки қаблан барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор маҳкум шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Бахтовар Сафаров як рӯз пас аз рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев - 24 июни соли 2023 тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Туркия фирор карда буд. Аз кишвари ҳамсоя мушаххасан ном бурда намешавад.
“Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ марбут ба рабудан ва куштори муовини аввали роҳбари ҶСК “Ориёнбонк” Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович – шаҳрванд Сафаров Бахтовар Назарович, соли таваллудаш 5.03 1995 (қаблан барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор маҳкум шудааст), дар  ҳудуди Ҷумҳурии Туркия дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуд”, - омадааст дар хабарномаи Додситонии кул.
Ин ниҳод гуфтааст, то ҳол дар доираи тафтишот шахсияти роҳбар ва 15 аъзои гуруҳи муташаккил муайян карда шуда, 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд.
“Амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баҳри дарёфт ва ба ҷавобгарӣ кашидани аъзои боқимондаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ идома доранд”, - гуфтааст Додситонии кул.
Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз  электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд.
Дар иттилоияе, ки Додситонии кулл нашр намуд, зикр мегардид, ки роҳбари гурӯҳ Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович (“Дилшоди СБ” ё “Красавчик”) буд.
“Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд”, - омада буд дар хабари Додситонии кулл.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.