расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВАСИЯТИ ҲАЁТ НЕЪМАТИ САМАРҚАНДӢ

Асосӣ / Ҳаводис

ВАСИЯТИ ҲАЁТ НЕЪМАТИ САМАРҚАНДӢ

ВАСИЯТИ ҲАЁТ НЕЪМАТИ САМАРҚАНДӢ
31-уми июли соли 2023 устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ 80-сола мешуд… вале афсӯс, ки ду сол қабл марги беамон ин шахсияти қавиирода, боғурур ва рамзи муқовимату бедории тоҷикони Ӯзбекистонро аз мо рабуд…
Ҳаёт Неъмат (тав. 31.07. 1943 — ваф. 18.10.2021) дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар чаҳорсолагӣ дар натиҷаи фалокате маҷруҳ гардида, ҳаштуним сол бистарӣ будааст. Вале маъюбӣ монеъ нашуд, ки Ҳаёт Неъмат ҳамчун як шахсияти вораста ба камол расад ва дар ҷаҳони форсизабон шуҳратёр гардад.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор дар ин маврид мегӯяд: “Мо ҳеҷ гоҳ фикр намекардем, ки Ҳаёт Неъмат маъюб бошад. Руҳаш чунон бузург буд, ки гоҳо худамонро пеши ӯ нотавон эҳсос мекардем”.
Воқеан, маҳз руҳи бешикасташ буд, ки на танҳо ҳамчун шоир, балки чун шахсияти номвари Самарқанд дар ақсои олам шуҳрат пайдо кард. Махсусан, ӯ дар охири солҳои 80 пешгоми ҳаракатҳои бедорӣ ва адолатхоҳии тоҷикон дар Ӯзбекистон буд. Барои дифои ҳуқуқи тоҷикон гуруснанишинӣ низ кард ва чеҳраи нохушоянд дар даврони раҳбарии Ислом Каримов буд. Бинобар ин, муддате дар ҳабси хонагӣ қарор дошт ва нашри осораш дар Ӯзбекистон манъ шуда буд. Вале ин монеаҳо натавонистанд руҳи ӯро шикананд.
Одил НОЗИР

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.