расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ 19 ТО 21 ИЮЛ ТОҶИКИСТОН БОЗ ЗЕРИ ХОКБОРИШ Ё “БОДИ АФҒОНӢ” МЕМОНАД

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

АЗ 19 ТО 21 ИЮЛ ТОҶИКИСТОН БОЗ ЗЕРИ ХОКБОРИШ Ё “БОДИ АФҒОНӢ” МЕМОНАД

АЗ 19 ТО 21 ИЮЛ ТОҶИКИСТОН БОЗ ЗЕРИ ХОКБОРИШ Ё “БОДИ АФҒОНӢ” МЕМОНАД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дод, ки  рӯзҳои 19-21 июли соли 2023 ба сабаби омилҳои метеорологӣ – чангу ғубор, ки аз навоҳии ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мешавад, дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии ВМКБ, ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд афзудани олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) дар назар аст. Ин маъноест, ки фазои ин манотиқ тайи се рӯз дигарбора зери хокбориш хоҳад монд. Хокбориш дар Тоҷикистон ба сабаби аз тарафи Афғонистон вазиданаш бо номи “боди афғонӣ” низ маъруф аст.
Бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои 18-19 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо низ боқӣ мемонад.  
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин далел аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд. 
Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиҳои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.